ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ дар шаҳри Хуҷанд  нисбат ба баромадҳои иғвоангезона ва  дасисабозиҳои бадхоҳони миллат  дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо кормандони шуъба, борҳо нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони милли..”, ки роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаракати сиёсии мамнуъ дар кишвар бо номи “Гуруҳи 24” андешаҳои хешро баён сохта, онро шадидан маҳкум карда будем. Ин навбат низ нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои думравони  “Паймони милли..” ва “Гурӯҳи24”, ки дар давоми соли ҷорӣ тавассути барномаи ифротиашон бо навбат баромад намуданд, андешаҳои хешро баён месозем. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки  солҳои қаблӣ ва аз оғози соли 2025, яке аз пайравони фаъоли “Паймони милли” Муҳаммадиқболи Садриддин, санаи 9 феврали соли равон, дар барномаи “Минбари муҳоҷир ”, шогирдаш Абдухалил Восеев, санаи 8 феврал дар барномаи “Дурахши ҳақ” ва дигар гураҳаке Ашуров Ҳусейн, санаи 9 феврал, дар барномаи “Ҳақ ва ботил”ва ҳаммаслакаш Беҳруз Тағойзода, санаи 10 феврали соли равон дар барномаи ифротии “Садои мардум”, ки аъзои фаъоли “Гурӯҳи 24 мебошанд”, сараввал боз ба монанди баромадҳои солҳои қаблиашон  рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуданд. Баробари ин, дар атрофи масоили  Интихоботи вакилони халқ -2025 сухан ронда, нодуруст маънидод намуда, бо ин роҳ мехоҳанд субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи моро аз байн баранд. Ин тангназарони фирорӣ бехабаанд, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли 2025 таъйин кардашудааст, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст, бо маром идома доранд.

      Инчунин ин тангнаранони фирории ифротӣ оид ба қазияи ошуби маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и ш. Ваҳдат, ки аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд, андешаи носолими баён сохтанд.

        Хулоса, ин тудаи тангнарон, ки бо ҷалби  афроди гумроҳшудагон, аз қабили  Ҳасанов Раҳматулло, Сунатулло  ва Муҳаммад баромадҳои ифротӣ менамоянд, ҳадафашон маълум аст ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ байни мардум дигар чизе нест. Дар фарҷоми изҳороти хеш ба бадхоҳони миллат хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рўҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *