Мо кормандони шубаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шакабаи иҷтимоӣ баромадҳои як афроди роҳгумзадаи бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат ва ровии барномаи ифроти бо номи “Минбари муҳоҷир ”мебошад, дида ба худ хулоса бароварда, онро шадидан маҳкум намуда, борҳо андешаҳамонро иброз дошта будем. Ин навбат низ нисбат ба

М.Садриддин, ки санаи 10 ноябри соли 2024, дар барномаи зикршуда таҳти унвони “Аввал худнамо то расидан ба раёсат, қудрат, одат сипас диктатура ва завол” баромад намуда буд, ибрози ақида менамоем. Дар иртибот ба ин, қайд менамоем, ки М.Садриддин боз бо ҷалби думравонаш ,аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Муҳаммадамин ва як қатор афрод бо лақаби ғайриоддӣ “Нурик”, “Революсионер”бо суханони бемантиқонаю беасос ва бемаънию берабт баромад намуданд. Ҳар як бинанда аз баромадҳои қаблӣ ва навбатии М.Садриддин ва думравонаш бе ягон душворӣ дарк мекунад, ки ин ин тудаи афроди роҳгумзада ба ҷуз наҳсию касофат, ғайбату туҳмат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташон намеояд.
Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар интиҳои изҳороти андешаи хеш қайд менамоем, ки М.Садриддин, аз ҷумла устодаш М.Кабири ва хоҷагони хориҷиаш фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби тудаи бадхоҳону ватанфурӯши нокас намефтанд. Баробари ин, ёдовар шуда, қайд менамоем, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90- уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми мушкилнописанди кишварамон азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!
Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.Бо боварии комил метавон қайд кард, ки имрўз ҳар фарди кишвар, аз ҷумла кормандону омузгорони боргоҳи илму маърифатамон бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона менамоянд.