ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба баромади иғогаронаи роҳгумзадаи навнаҳзат тавассути шабакаи иҷтимоӣ (аз 24.05.2025с.)

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, зимни изҳороти навбатиамон вобаста ба баромади навбатии яке аз навнаҳзат- Абдухалил Восиев, лақабаш “Алмаз” мебошад, нисбати баромади навбатии ифротиаш ибрози андеша ронда, сараввал онро маҳкум менамоем. Ин навбат Восиев А., санаи 24 майи соли равон тавассути шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи “Дурахши ҳақ” ровигӣ намуда, ” тақлид ба

устоди бешрафаш-Муҳаммадиқболи Садриддин баромади ифротиро пеша кард. Сараввал вобаста ба масоили муносибати байни Тоҷикистону Афғонистон андешаи носилимро баён сохт. Баробари ин, ин навнаҳзатӣ зимни баромадаш камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, аз пашша фил сохта сафсатагӯӣ карда, меъёрҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ- ро риоя накард ва умуман дар баромадҳои қаблиаш низ ба назар мерасид.. Баромади ифротии Восиев А. бешубҳа ифодакунандаи афкори наҳзатиён буда, бо василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Баробари ин, зикр кардан ба маврид аст, ки дар асоси моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.Мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад. Вале, навнаҳзатиёни имрӯза дар дунёи маҷозии интернет бо рафтору гуфторашон миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном менамоянд, ки амалашон нобахшиданист!
Дар фарҷоми изҳороти навбатии хеш қайд менамоем, ки надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ ҳамроҳ гашта, миллат ва давлати Тоҷикистонро дар арсаи олам бадном созанд. Ва ин ҷараён аз ҷониби яке аз навнаҳзат- Восиев А., устодаш М.Садриддин ва думравонаш-тудаи фирориву хоини мардуд шиддат гирифта истодааст ва миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Имрӯз наҳзату навнаҳазатиҳо аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Бо ин рафторашон сурат ва сифати аслӣ, ҷаҳонбинии тангашонро ифшо менамоянд. Албатта, шахси солимандеш ҳарзасароиҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Ҳатто хориҷиёни онҳоро дар бағали худ гирифта, ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, вале, аслан, дар дил ба ҳолашон писханд мезананд!
Бо итминони қавӣ қайд менамоем, ки аҳли ҷомеаи озодандешу солимфикри Тоҷикистони азиз аз макру фиребу найрангҳои паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”ва навнаҳзатиҳо, умуман, наҳзатиёни иблиссифат огаҳанду бо иродаю матонат Ватани маҳбуби худро содиқона аз ағёри фитнасозу иғвоангез ҳифз менамоянд. Дар атрофи сипари боэътимоди сулҳу осоиштагӣ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид, пайваста ба заҳмати созандаю бунёдкорӣ машғул шуда, бар зидди наҳзатиёни ифротгаро аз дируз дида имрӯз бештар муқовимати шадид нишон хоҳанд дод.
Имрӯз мо шукронаи ин миллату ин сарзамини биҳишосои азизамонро карда,. гирди парчами сулҳу Ваҳдат ва озодии Ватан сарҷамъ мешавем ва намегузорем, ки осмони беғубори Истиқлоли моро касе тираи фикру ақидаҳои бегонапарстӣ ва ифротӣ накунад. Хуллас, сарҷамъ шавем, ки қувваҳои ифротиву иртиҷоии бегона ба девори сулҳу суботи мо рахна зада натавонад. Месазад, ки мо ифтихори милливу хештаншиносии хешро имрӯз боз ҳам боло кунем, чун дар мамлакате умр ба сар бурда истодаем, ки сулҳу оромӣ ва созандагиву бунёдкорї мароми мост.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *