Имрӯзҳо гурӯҳи ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар берун аз марзи ҷумҳурӣ масалан дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ боз кашидан мехоҳанд. Ҳамчунин ба доми худ ҷавонони муҳассилини кишварҳои арабӣ таҳсилнамуда низ ҷалб мешаванд. Бо баробари ин, барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Инчунин барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ низ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст.
Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масоили матраҳшуда кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрўз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, муҷиби харбии иқтисодии ҷумхурӣ шуд, маҳз бо сабаби тундравихои ҳизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин рӯ, мардум ҳузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори ҳамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон; кормандони муассисаҳои таълимӣ ба номуси ин мулки аз ниёгон мерос монда; ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тулли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии мост. Аз ин рӯ, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвакта ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд.