Вобаста ба фаъолияти собиқ ТЭТ ҲНИ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехохем фикрамонро дар бораи он баён дошта бошам. Умуман ТЭТ ҲНИ дар ҷомеаи пасошӯравӣ ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор рафта, мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа ва давлат мебошад. Вале онҳо ношукри аз соҳибистиқлоли ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, солҳои 90-ум ҷанги дохилиро оғоз бахшанд ва баъди шикасти худу имзои сулҳ соли 2015 боз даст ба табаддулоти давлатӣ заданд.
Ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири ҳеҷ як тоҷику тоҷикистонӣ фаромўш нашудааст. Саҳнаи майдони “Шаҳидон”, ки мардуми фирефташуда ҷамъ омада буданд ва ба суханҳои баромадкунандагон, аз қабили Эшони Қиёмиддин мулаққаб бо “генерали мардумӣ”, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва амсоли онҳо гўш медоданд. Онҳо бо тамоми маҳораташон мардумро ба фитнаву тафриқа ва нооромиҳо даъват менамуданд. Инсон ба тааҷҷуб меояд, ки нафароне, ки аз таълимоти илоҳӣ бархўрдор ҳастанд ва дар байни мардум ҳамчун “мулло” муаррифӣ гардидаанд, чаро одамонро ба таълимоти Исломи поку ҳақиқӣ даъват накарданд.
Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, муҳаббат ба аҳли кишвар, саъйу кўшиш ба сулҳу осудагӣ ва оромии кишвар, амалисозии ормонҳои мардум- ин аст ҳадафу мақсади асосии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол!