Кормандону устодони кафедра хуб медонанд, ки дар шароити имрўза дар Ватани азизи мо-Точикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи максаду мароми ҳизбиашон, манфиатхои миллӣ, арзишхои халк, аз ҳама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд.
Ташкилоти экстремистӣ,терорристии (ТЭТ) ҲНИТ мисоли гуфтаҳои болост. Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун “Интернет”, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ТЭТ ҲНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Таҳлилҳо собит месозанд, ки ин ҳизб дар фаъолияташ ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Оддитарин масъалаҳо аз қабили конфронсҳои илмӣ, шабҳои фарҳангӣ-эҷодӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар дар сатҳи бояду шояд намегузаштанд. Дар фаъолияти шахсии як зумра аз аъзои ҳизб риояи ахлоқи шоиста кам ба назар мерасид. Дар фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ҲНИТ кори шоиставу боиста ва ба нафъи ҷомеа дида намешуд, то ҷое ки барномаи амалие ҳам вуҷуд надошт. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИТ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. ҲНИТ бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулони дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда, ин фурсатро барои худ ғанимат шумурда чӣ нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Ва бо чунин нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро ба ҳам зананд. Мо фаъолияти ин ҳизбро маҳкум намуда, хоҳони ободию пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон мебошем.
Кафедраи математекаи олӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ