Имрӯз мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки гирдиҳамойӣ ва носазогӯии онҳо муғризона ва аз рӯи ҳасад мебошад. Зеро Тоҷикистон ҳоло тинҷу ором ва мардумаш сарҷамъ буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз то рӯз ободтар мешавад. Мардуми Тоҷикистон имрӯз боз як бори дигар фаҳмид, ки ТТЭ ҲНИ худаш ҷинояткор буда, имрӯз ҷинояткоронеро, ки бо ҷурмҳои мухталиф маҳбасӣ мебошанд, дастгирӣ мекунад. Ин ҳизб бо ин кирдори худ зидди таълимоти ислом амал мекунад. Дар фосилаи на он қадар тӯлонӣ ТТЭ ҲНИ худро ҳамчун як ниҳоди террористӣ ва тафриқаандоз муаррифӣ карда тавонист. Хатарҳои замони муосир, аз ҷумла ҳамлаҳои даҳшатовари намояндагони ТТЭ ҲНИ ҳар яки моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар гирдиҳамоии роҳбарони ин ташкилоти экстремиятӣ маълум гардид, ки аз ҷиноятҳои анҷомдодаи Зайд Саидов ва нафарони зархариди хориҷӣ, ки худро ҳамчун пуштибони қонун муаррифи карда истодаанд, даст доштааст. Мо чунин кирдорҳои разилонаи онҳоро, ки онро кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълон карда будааст ва гӯё Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон аз зиндон раҳо кардани як гурӯҳ маҳбусонро талаб кардааст. Сухан дар бораи озод кардани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров меравад. Маъмулан, ин се нафар зиндониён бо қарори додгоҳ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. Нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, бо баргузории гирдиҳамоӣ мехоҳанд, ки боз ба обрӯи кишвари худ латма зананд. Хушбахтона, имрўзҳо чавонони тоҷик сохиби ғурури баланд, дониши кофӣ, зиракии сиёсӣ, меҳри беандоза нисбати Ватани азизи хешро доранду ба ягон сиёҳкуниву тўҳмат, дасисаву фиреб бовар намекунанд. Дар вуҷуди Илҳом Ёқубов ва ду-се аъзоёни боқимондаи ТЭТ ҲНИ ягон ҳисси дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар ободӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тамоман эҳсос намегардад, онҳо танҳо бо идеологияи хориҷиён амал менамоянд. Пешрвии Тоҷикистонро дида натавониста, баръакс мардумро ба гумроҳиву тафриқаандозӣ ҳидоят месозад. Барои пойдории сулҳу амнияти кишварамон талош намуда, ба решаи ин ҷинояткорону хиёнаткорон бо маданияту бо заковати азалии хеш теша хоҳем зад, то дарахти аз ғаразу кина пур гаштаашон бебору беҳосил монад.