Конфронси якуми EdTalks хатмкунандагони барномаҳои Фулбрайт ва Хамфри таҳти унвони “Иттиҳоди хатмкунандагон барои пешбурди маориф тавассути илм, инноватсия ва технология” бо ташаббуси Сафорати ИМА аз 23 то 25 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе барпо гардид. Дар конфронс беш аз 40 нафар иштирокчиён имконияти табодули ғояхо ва лоихахои инноватсиониро пайдо намуданд.
Дар барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ба рушди инноватсионии соҳаи маориф ахамияти махсусе дода шудааст. Маориф ва соҳибкорӣ омилҳои калидии рушди инноватисонӣ ба хисоб маравад ва бештар аз он инноватсия муҳаррики сохибкорӣ мебошад. Саҳми хатмкунандагони барномаҳои мазкур дар ин соҳа беназир буда, боварии комил дорем, ҳамкории самараноки онҳо боиси пешрафти таҳсилоти олии касбӣ тавассути илм, инноватсия ва татбиқи технологияхои навин мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки на танҳо дар Точикистон, балки дар давлатҳои пешрафт низ ташкили низоми таҳсилоти соҳибкорӣ, ҳатто бар бизнес- мактабҳои маъруф ба мушкилот дучор мешаванд. Дар давраи гузариш ба иқтисодиёти ба дониш асосёфта ва ракамӣ, ки аз ҷавонон дониш, малака ва салоҳиятнокии навинро талаб менамояд, сармоягузорӣ ба рушди инсонӣ, пеш аз ҳама дар назди сохаи маориф ва илм зарурияти гузаронидани ислоҳоти системиро талаб менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар конфронс устоди донишкада, дотсент Аюбҷон Юсуфов ширкат ва суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми навбатии худ кайд намудаанд, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад. Мо бо пешниҳодҳои ҷолиб перомуни ҳамкориҳои мутақбилан судманд баромад карда, дар баробари ин дар ин самт аз таҷрибаи дигар муассисаҳои олии кишвар огаҳӣ пайдо кардем.