Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки беш аз ҳазор нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мақсади муайян намудани “Довталаби беҳтарини ДИС ДДТТ” имтиҳонҳои худсанҷишии хатмкунандагон баргузор гардид.
Раванди баргузории имтиҳонҳои санҷиширо кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва устодони Донишкада назорат намуда, ба кори иҷронамудаи хатмкунандагон баҳогузорӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни “Довталаби беҳтарини ДИС ДДТТ” санаҳои 21 феврал бо иштироки хатмкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, санаи 22 феврал бо ширкати хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ва санаи 23 феврал бо иштироки хатмкунандагони дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузаронида шуда, ҷамъбасти озмун санаи 24 феврал дар Рӯзи дарҳои кушод дар толори асосии Донишкада баргузор мегардад ва беш аз 50 нафар беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.