Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додаст.
Чанде аз гуфтаҳои донишмандонро мисол меорем, ки далели гуфтаҳои болост:
Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».
Файласуф ва муаррихи англис Твин Бей чунин мегӯяд: «Умед дорам Щарб аз вартаи ҳавлнок ва ҳалокат халосӣ хоҳад ёфт ва ин халосӣ ва раҳоӣ ба ҷуз бо интиқол (тарк кардан, гузаштан) аз «иқтисод» (пулу сармоя) ба «дин» (имон, маънавиёт) имконпазир нахоҳад гашт».
Равоншиноси амрикоӣ Ҳенри Линга ба мухолифони тарбияи динӣ чунин посух медиҳад: «Беҳтар аз ҳар тарбияти дигаре барои кӯдакон ин аст, ки ба онҳо бигӯем: «ин кор хуб аст, зеро Худо ба он фармудааст ва онро дӯст дошта ва меписандад. Ва барои анҷоми он подоши олӣ – биҳишт медиҳад». Ва ё бигӯем: «Ин кор бад аст, зеро Худованд аз он мамнӯъ фармуда ва аз ин кор хушаш намеояд ва намеписандад. Барои он кор чора сохт – оташи дӯзахт дар назар гирифтааст»».
Муҳаққиқони номбурда таъкид менамоянд, ки мо барои таълим ва тарбияи як инсони комил бояд аз тамоми арзишҳо, одоб ва русуми арзишманде, ки инсоният дар тӯли асрҳо ба даст овардааст истифода барем. «Ва мактабе, ки битавонад миёни арзишҳои пешин ва усули арзишҳои навини ҷаҳон ҷамъ кунад, ба ҷуз дин нахоҳад ёфт».
Ҳамон файласуфи олмонӣ, асосгузори назарияи комунизми илмӣ Карл Маркс, ки муаллифи таъбири (тезиси) «Дин афюни мардум аст» ин гуна эътироф кардааст: «Мо муаззаф (вазифадор) ҳастем бар Пайщамбарии ӯ (Муҳаммад) иқрор кунем. Муҳаммад ба ҳатари залолати масеҳият ва яҳудият пай бурд. Ӯ зиндагии худро ба гарав гузошта, ба даъвати мушрикин ба тавҳид ва хишти саҳрои зиндагии ҷовид намуд. Одилона нахоҳад буд, агар мо ишонро танҳо дар шумораи шахсиятҳои барҷаста ба шумор биёрем. Мо муаззаф (вазифадор) ҳастем, ки бар рисолати ӯ, бар он, ки ӯ фиристодаи осмонӣ ба замин аст, эътироф намоем».
Мирмухамедова М.М.,
ассистенти кафедраи
«Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ»