Экстремизм низ дақиқан ба маънои тамоюл ба ифрот, зиёдаравӣ ва аз ҳад гузаштан мебошад. Калимаи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ аз решаи “ифрот” буда, маънои майл доштан ба ифрот ё гароиш доштан ба зиёдравию оштинопазириро дорад. Феъли тоҷикии “гароидан” ба маънои майл кардан, пайравӣ кардан, гаравиш доштан ва тамоюл намудан буда, “гаро” шакли калимасозӣ он аст. Аммо ифротгароӣ ба маънои майл доштан ба зиёдаравӣ ё пайравӣ кардан аз ифрот ва оштинопазирӣ мебошад. Ифротгароӣ ин пайравӣ ва асос кардани ягон ақида ва амалҳо мебошад. Истеъмоли умумӣ «ифрот» ба маънои ҳадду андоза гузаштан, эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Маънои истилоҳии ифротгароӣ нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба боварҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз ҷумла дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш, ба миён меояд. Масалан, баъзе инсонҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, яъне ифрот мекунанд, баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд. Ифротгароӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ низ худро ошкор месозад. Ин гуна ифротгароён аз норасогиҳои ҷамъият, шароити номусоиди мардум истифода бурда, бо роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки худро ирсол медоранд. Дар самти дин бошад, имруз ибораи “Ифротгароии динӣ” маъмул аст, ки яке аз шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд. Фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи қатьӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Асосан ранги парчами ифротиён ранги сиёҳ аст, яъне зулмоту торикист.
Бо ин парчами зишти худ мехоҳанд, ки давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофати исломиро барпо намоянд ва гӯё «Ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади нопоки худ расидан ба андешаҳои ифротгароӣ номи дини мубини Исломро доғ оварда, мехоҳанд, сафи «муборизон»‐и худро изофа гардонанд. Ин аст, ки намояндагони ифротиён ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон гурӯҳи ҷавононро ба тарафдории худ ҷалб менамоянд. Бо ин мақсади нопоки худ бо қатлу ғорат кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки ин ғайри дини мубини Ислом аст.
Хусусиятҳои ифротгароӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб дохилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Умуман, ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳалаи терроризм мегузарад. Мо шоҳиди онем, ки муздурони њама њизбњои исломї ва террористї аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки худ истифода мебаранд. Имруз пӯшида нест, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла, дар Тоҷикистон ҷонибдорони худро пайдо карда, барои зиёд кардани тарафдорони худ кӯшиш карда истодаанд. Чуноне ки маълум аст ҳадафи асосии ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ мебошад. Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия ва дигарҳо баръало дидан мумкин аст. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки дар марҳилаи ҳозира душманони миллат дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Бадхоҳони миллат дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд. Аниқтараш супоришҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намоянд. Хуллас, бадхоҳони миллат ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни мардум ва умуман ғайбату иғвогарӣ кори дигар надоранд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, чунин иброз намуданд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Вобаста ба масоили матраҳкардида хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд. Имрӯз моро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгаройии динӣ тадбирҳои мушаххас андешида, пеш аз ҳама ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии ҷомеа ва ҷавонон аз ҳар роҳу воситаҳо истифода намоем. Ҳамагон, хусусан ҷавонон бояд донанд, ки кадом созмону ҳаракате, ки набошад дар кадом гӯшаву каноре, ки набошад агар аз калимаи ислом дар номгузориву барномааш истифода кунад, донистан зурур аст ва ҳаргиз фаромӯш кардан лозим нест, ки ин як дурӯғи маҳз аст. Зеро ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ва барномаи мукаммал ниёз надорад. Агар гурӯҳе бо чунин номҳои сохта барои манфиат ва ҳифзи ислом даъво мекунад, баръало маълум аст, ки ин фиребу дуруғ ва бозии сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як сокини кишвар зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша зидди ҳуҷумҳои иттилоотию гуруҳҳои ифротӣ мубориза баранд. Набояд фаромуш кард, ки аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд, мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонмеҳрварӣ тарбия намудан лозим аст. Соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.
Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард,ки мо – омӯзгорон ва умуман, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти хешро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо тақвият бахшем, бепарво ва бетараф набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва онҳоро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ дорем. Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Расму оин ва фарҳанги миллӣ моро ҳидоят менамояд, ки дар ҳар ҷо, хоҳ дар хона, хоҳ дар кӯча, хоҳ дар сафар ҳамеша чун инсони комил аз рӯйи одаму одамгарӣ, одоби муошират рафтору амал намоем. Тибқи суннатҳои миллӣ бояд чунин рафтор кунем, ки ба атрофиён хушнудиву хурсандӣ биёрад. Таърих гувоҳ аст, ки воқеан, мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою гузаштаи пурғановати хеш миёни халқиятҳо маъруф гаштааст. Мо бояд маданияти қадима ва бою рангини Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ