ИФРОТГАРОӢ – ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

Имрўзҳо, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ  минтақаи Осиёи Марказӣ нақши  басо муҳим дошта, арсаи муборизаи  шадиди дохилӣ ва байналхалқӣ гардидааст, ки манфиатҳои кишварҳои гирду атроф ва ҳамсояҳои наздикро  фаро мегирад. Воқеият чунин аст, ки экстремизм, ифротгароӣ ва сўиқасду кушторҳои беҳуда дар ҳамаи мамлакатҳои хурду бузург ба назар мерасанд.

Ифротгароии сиёсӣ махсусан дар байни ҷавонон яке аз муаммоҳои марказии ҳаёти   ҷамъият ва давлати имрўза аст, оқибатҳои он ҳамеша вайронкорӣ ва бесуботист. Хавфи ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо дар тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин падидаи номатлуб, бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад, ки онњо терроризм ва бетартибињои оммавӣ мебошанд.

«Ифротгароии динӣ» ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Ифротгаро динро ба таври рўякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, бо ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро талаб менамояд.

Ифротгароии динӣ тарзи фаҳмиш, навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад. Ақидаҳои ифротгароӣ аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузаранд. Дар ин ҳолат шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад.

Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зўроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рў дар зиндагии рўзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

 Дар ин муборизаи шадиди идеологӣ нерӯҳои гуногун динро ҳамчун аслиҳаи асосии хеш истифода мебаранд. Дар ин арса, ба ҳаёти осудаи Осиёи Марказӣ созмонҳои сиёсии динӣ-радикалӣ таҳдид расонида, ба инкишофи экстремизму терроризм мусоидат мекунанд. Дар Тоҷикистон низ исломи сиёсӣ дар байни баъзе ҷавонон фаъол гардид ва   экстримизму терроризми динӣ авҷ гирифт.

Имрӯз зиёда аз 60 фоизи аҳолии Осиёи Марказиро ҷавонони   то синни 25 сола ташкил медиҳанд, аз ин рў вазифаи мо омўзгорон,  огоҳ намудани онҳост, ки то ба ҳизбҳои бегонаи сиёсӣ нагараванд ва ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки бар зидди терроризм, экстремизм ва тундгароии динӣ ягон кишвар танҳо мубориза бурда наметавонад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид мекунанд, ки ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои махсус бояд дастаҷамъона бар зидди ин муаммо, вабои асри ХХ мубориза бурд ва  муташаккилона мубориза баранд. Сарвари давлат афзоиши теъдоди тарафдорони гурӯҳҳои ифротгароро дар кишварамон қайд намудаанд.

Барои пешгирии ифротгароии динӣ омўзгоронро зарур аст стратегияи самаранокро пеш гирифта, гуногунрангии фарҳангиву динӣ, зарурати ягонагии мардум ва омўзиши таърихи оқибатҳои зарарноки ҳаракатҳои иртиҷоиро омўзанд.

Маориф, ки дорои иқтидори бузург аст ва  барои беҳтар намудани сатҳи ҳаёти моддию маънавии аҳолӣ, мубориза бар зидди камбизоатӣ ва дигар шаклҳои бетаҳаммулӣ, васоити танзими муколамаи ҷамъиятӣ, муносибатҳои созанда дар байни  унсурҳои сохтори иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, таъмини сулҳу  амният кўшиш ба харҷ медиҳад. Бинобар ин рушди минбаъдаи иқтидори эҷодӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, роҳнамоии онҳо барои таъмини сулҳи пойдор ва амният дар ҷомеа вазифаи фаврии системаи маорифи Тоҷикистон аст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди зуҳуроти экстремистӣ бояд ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои зараровари ифротгароии динӣ аст.  Омўзгорон  бояд дар арсаи мубориза бо унсурҳои бегона баҳри ояндаи ватан ба ақлу дили ҷавонон таъсир гузоранд ва пируз гарданд.Ҳоло дар Тоҷикистон   ташкилотҳои ғайридавлатии радикалӣ ва мазҳабӣ ба монанди Ҳизб-ут-таҳрир-ул-ислом, Ҳаракати исломии Туркистон, ҷамоати таблиғ, салафия ва ваҳҳобия фаъолият доранд.

Ин созмонҳои динии ғайриқонунӣ асосан пинҳонӣ фаъолият мебаранд. Тарафдорони онҳо  бархе аз ҷавонони аз 17 то 35 – сола буда, онҳо дар пешбурди назари куллии худ дар байни аҳолии Тоҷикистон махсусан ҷавонон фаъол мебошанд. Мақсади асосии онҳо эҷоди мухолифат дар ҷомеа ва аз байн бурдани ягонагии мусалмонон аст. Созмонҳои мазкур аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, онҳо  байни ҷавонон аудио ва фитаҳои видео, варақаҳои  экстремистӣ ва адабиёти динӣ паҳн менамоянд. Натиҷаи фаъолияти онҳо сабаби аз ватани чоноҷон, аз волидайн ва ҷигарбандони худ дур шудани ҷавонон ва ба гўрўҳҳои экстримистӣ ба кишвари дурдасти Сурия рафта ба давлати ба ном исломӣ ҳамроҳ гардида даст ба силоҳ кашиданд.  Аз васоити ахбори омма шоҳиди он гардидем, ки 4-уми сентябри соли равон аъзоёни гурўҳҳои динӣ-ифротгароӣ бо сарварони худ – хоинони Ватан дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ватанамон якчанд амалиёти террористӣ ба амл оварданд. Дар натиҷа чандин нафар аз аҳолӣ ва ҳомиёни ватан ҳалок гардиданд.

Инак, мо ба хулосае омадем, ки экстремизм – ин як падидаи иҷтимоиест, ки дар ҷомеа аз замонҳои қадим вуҷуд доштааст. Ифротгароӣ ба зӯроварӣ алоқаманд аст, ки ҷорӣ намудани ғояҳои террористиро паҳн менамояд ва хушунат қисми таркибии ифротгароии динӣ аст. Яке аз омилҳои асосие, ки  ҷомеаро аз афзоиши таназзули маънавӣ ва радикалӣ боздошт менамояд,  маориф аст, ки  дар  эҷодкорона ифода кардани ақидаҳои ватандўстона мусоидат менамояд ва  принсипҳои башардӯстӣ ва таҳаммулпазириро талқин месозад.

Ҳоло Тоҷикистон нақша дорад, ки  аз ҳисоби донишҷўёни пешқадам гурўҳи таъсиси дастаҳои пешсафонро ташкил диҳад, то ки бар зидди паҳншавии ғояҳои  экстремизми ҷавонон фаъолият барад. Гурўхи пешсафон, ки Авангард ном доранд, фаъолияти худро ба талқини  арзишҳои миллӣ дар байни ҷомеа, махсусан мазҳаби Имоми Аъзам мебахшанд ва  ба пешгирии ақидаҳои экстремистӣ равона хоҳанд кард.

Ин хуб аст. Вале бояд таъкид кард, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ ва сўиқасдҳои ҷоҳпарастона кори гурўҳҳои муайян набуда, балки вазифаи тамоми ҷамъият ба мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *