Иғвоангезиҳои мухолифи бадбахт М. САДРИДДИН дар хориҷи кишвар

 

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромади мухолифин дар хориҷи кишвар бештар гашта истодааст. Онҳо дар хориҷи кишвар бо нигоҳи муғризона ба сӯи Тоҷикистон назар афканда, ҳамеша корашон танқиду камбудӣ кофтан аст. Ростӣ, мо ҳайрон мешавем, ки чаро онҳо даст ба чунин аъмоли ношиста мезананд ва барои ободии ин марзу бум чӣ коре анҷом додаанд, касе намедонад. Бахусус М. Садриддин аз мухолифини сарсахту бадбахти тоҷик дар ин бора бештар менависад, ки бештари гузоришу маводҳояш асоси воқеӣ надоранд.

Муҳаммадиқбол Садуридинов, ки яке аз идеологони  ташкилоти террористию экстремии наҳзати исломӣ мебошад дар баробари ватанфурӯшиву миллатфурӯшиаш, қаллоб низ будааст. Ӯ бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандони зикргардида зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи  ҷиноятӣ оғоз ва дар кофтукови расмӣ эълон карда шуда,  тафтишоти пешакӣ  дар робита бо ин парванда  идома дорад», омадааст дар хабари мақомот.

Рӯзҳои охир хоини миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда истодаанд, ки аз ватанфурушу хоин будани онҳо гувоҳи медиҳад.         Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ имрӯз эътироф кардаанд, ки Сарвари Тоҷикистон ба ин кишвар сулҳу ваҳдат овардааст ва бо тариқи демократӣ раҳбарӣ мекунад. Барои ҳамин даъват кардаанд ва бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.

Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Садриддинов Муҳаммадиқболро зимни пахши «хабарҳо»-яш дар сомонаи «Ислоҳ.нет» дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мақсади аслиашон аз роҳандозии ин пружа он аст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳарфҳову ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст, ки дар боло ба он ишора шуд.

А. Қаюмов,

Н. Қобилов,

О. Қоситов, устодони ДИС ДДТТ

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *