Иғво ва моҷароҷуиҳои ТЭТ ҲНИ дар Аврупо маҳкум менамоем

Мақолаи Юрий МАКЕЕВ  “Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо …” дар шабакаҳи иҷтимоӣ ба нашр расид, ки муаллиф дар он перомуни дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар Варшава баргузории конфронси солона таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» ва ин дафъа низ иштироки фаъолони ТТЭ ҲНИ, ки  ба он даъват шудаанд, нақл менамояд.

Мо ҳама хуб медонем, ки маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Боз ягон хоҷаи хориҷӣ ӯро маблағгузорӣ намудааст. Ин агенти собиқадори шиизми байналхалқӣ аз назари физикӣ ҳам дар асорати доираҳои махсуси мазҳабӣ қарор дошта, ҳатто ҳуқуқи озодона берун рафтан аз ҳудуди ҶИ Эронро надорад.

Мушоҳида нишон медиҳад, ки иштирокчиёни ин ҳамоиш дар асл ҳамон афроди наздик ба Раиси ТЭТ ҲНИ М. Кабирӣ буда, маошхӯрону ҳамфикрони ӯянд. Маҳз ҳамин афрод дар конфронсу ҳамоишҳои хориҷӣ дар канори М. Кабирӣ нишаста, барои ӯ свита ё воҳима месозанд; ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро ҳимоя мекунанд. Ин ҷо низ савол пеш меояд, ки чи тавр тарғиботчиён ва идеологҳои терроризму экстремизм метавонанд ҳомии демократия ба ҳисоб раванд? Чи тавр касоне, ки аз як ҳизби террористӣ ҳимоят мекунанд, худро озодандешу худшинос меноманд?

Бо ин гирдиҳамоӣ онҳо мехоҳанд бо ҷамъ кардани гурӯҳҳои мухолифи хориҷӣ як «эътилофи нерӯҳои мухолифини тоҷик»-ро ташкил кунад. Зеро хоҷагони ботаҷрибааш хуб дарк мекунанд, ки моҳияти иртиҷоӣ ва террористии ҲНИ рӯз ба рӯз ба ҷаҳониён ошкор шуда, дар оянда дастгирии рӯйирости ин ташкилот мушкилтар хоҳад буд. Бинобар ин, ташкили эътилофи нерӯҳои оппозитсионӣ ё ИНОТ-2 як навъ ниқобӣ демократӣ ба моҳияти террористии ҲНИ мешуд. Вале худхоҳии М.Кабирӣ  боис гашт, ки ташкилотҳое чун «Гурӯҳи 24» ва «Ватандор», ки моҳҳо бо ҲНИ дар бораи эътилоф музокира карданд, аз ин лоиҳа расман даст кашанд. Зеро ҳамагон мақсади шуми ин нақшаро дарк карданд ва нахостанд, ки бозичаи дасти онҳо шаванд.

Аммо фаромӯш набояд кард, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, фиреби чунин гирдиҳамоию «анҷуман»-ҳоро намехӯрад. Аслан кайҳо вақти он расидааст, ки ин ҳизби моҷароҷӯ ва фитнагар агар заррае аз аҳли фарҳангу сиёсат бошед, пас, пеш аз ҳама маҳз ба ҳамин масъала биандешед.

М. Тоҳирова, номзади илмҳои филологӣ,
устоди кафедраи забонҳои
тоҷикию русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *