ИҚДОМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: Ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иловапулӣ пардохт карда мешавад

 

ДУШАНБЕ, 01.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди доимоамалкунанда, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор оид ба тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19 дастуру супоришҳои иловагӣ доданд.

Имрӯз, 1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ пардохт намудани иловапулӣ ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *