Хитобаҳои беарзиш ва тафриқабарангезро маҳкум менамоем!

Ахиран мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар шахсияти Раиси муҳтарам Тоҳир АЗИЗЗОДА ба ин хитоба ва хитобанавис посухи муносиб дода, таъкид намуд, ки мардуми ноҳияи Мастчоҳ ҳар лаҳза дастгирию пуштибонӣ ва ғамхорию меҳрубониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти вилояти Суғдро эҳсос менамоянд. Аслан барои мардуми Мастчоҳ ваҳдати миллӣ маънии сарнавишт ва асли саодати зиндагӣ мебошад. Табиист, ки сокинони ноҳия ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қаҳрамони воқеии сулҳу ваҳдат ва меъмори Тоҷикистони навин ҳастанд, комилан эҳтиром мегузоранд. Ҳар вақте, ки Пешвои муаззами миллат азми сафари ноҳия кунанд, мардум бо камоли эҳтиром Роҳбари азизи худро истиқбол менамоянд. Нашри хеҷ як “Хитоба…”-е наметавонад, заррае ихлосу эҳтироми мардумро нисбат ба Пешвои миллат кам созад. Зеро мардуми Мастчоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббати бузург доранд.

Навиштаи “Хитобаи мастчоҳиён ба Э. Раҳмонов: Мо зидди баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияамон ҳастем!”, ки дар сомонаи интернетии isloh.net мунташир гардид, ҳеҷгоҳ  ирода ва андешаи мардуми Мастчоҳ нест. Мо огаҳӣ дорем, ки ба истиқболи ҷашни Ваҳдат миллӣ дар ноҳия корҳои ободонӣ дар тамоми соҳаҳо бо маром идома дорад. Ин нишонаи эҳтирому эътиқоди мардуми ноҳия ба Пешвои миллат ва аз дигар тараф таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба ободии ноҳияву мардуми он мебошад. Ватани бобоиамон-ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар партави сиёсати созандаи Пешво сол аз сол обод мегардад. Аз ин рӯ, кулли мастчоҳиён ба ин шахсияти созандаву дилсӯз эҳтироми беандоза доранд.

Мавриди зикр аст, ки тамоми сокинони кишвар дар бораи чӣ тавр кам кардани зарари ин вабои аср фикр мекунанд, Назарзода дар бораи баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Мастчоҳ ва зидди он будани сокинони ноҳия хитобномае дарҷ намудааст. Мо медонем, ки аз санаи 30.04.2020 расман мавҷуд будани нафарони дорандаи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Аз ин сабаб мувофиқи қабули чораҳои фаврӣ баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар қаламрави кишварамон манъ карда шудааст. Аз ин сабаб Назарзода аз номи тамоми мардуми як ноҳия баромад карда, ҳамаро ба иштибоҳ даровардан ин кори ниҳоят паст аст. Маълум мешавад, ки мақсади асосии ӯ сӯистемол аз вазъияти ногувор мебошад. Агар ту худатро ғамхори мардум меҳисобӣ, пас чаро дар ин давраи мушкил туҳмату дурӯғро паҳн менамоӣ ва дар ҷомеа тухми адоват кишт мекунӣ? Агар заррае нанги миллӣ, номуси ватандорӣ ва ифтихори тоҷикӣ медоштӣ, ҳеч гоҳ ба чунин пастигарӣ даст намезадӣ.

Аслан чунин навиштаҳо ва хитобаҳо эътиборе надоранд ва мардуми сарбаланди Мастчоҳ таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ барои ободии Ватан ҷаҳду талошҳои созанда менамоянд.

А. Азимов,

Н. Қобилов,

Р. Раҷабов,

А. Ҳоҷиев,

Устодони ДИС ДДТТ

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *