ГУМРОҲШУДАГОНИ ИФРОТӢ

                                                             

Ҳамагон медонанд, ки эътиқод ва имон ба дини мубини Ислом албатта амали муҳим ба ҳар як мусулмон аст. Аммо, нишонаҳои ин эътиқодмандӣ ҳаргиз даст задан ба разолат, қатлу куштор ва хунрезӣ набуд. Масалан, агар раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони наҳзат аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Имрӯзҳо раҳбарияти ин ташкилот, гоҳ бо номи ҲНИ ва ва ё “Паймони миллӣ…” ки дар ин ном калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ифротиашро ба роҳ мондаанд. Бояд қайд кард, ин ин тӯдаи гумроҳшудагон худро “Демократу ҳақиқатҷӯй” ҳисобида, дар давоми соли ҷорӣ аз нав интихоб намудани роҳбари ҳизб, ҳаргуна овозаҳо бароварда, баҳсҳои доманадорро тавассути шабакашои иҷтимоӣ намоиш доданд. Гӯё роҳбарияти ҳизб солҳои тӯлони набояд роҳбариро ба уҳда гирад. Ҳатто яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин зимни баромадҳояш нисбат ба фаъолияти роҳбари ҲНИ-Муҳиддин Кабирӣ намоишкорона норозигиашро сохтокорона баён карда буд. Таъкидан ёдовар шуд, ки ҳақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. Бо ибораи дигар ,ки дар зарбулмасали халқӣ омадааст:Табли пинҳон чӣ занам, ки ташти ман аз бом афтод – чӣ ҷои сирро пинҳон кардан, ки аллакай ба ҳама маълум гардид. Мувофиқи сухангӯи наҳзат Қаюмов Бобоҷон, ба мақоми роҳбари ҲНИ сохтакорона номзадии ҳафт нафар, аз ҷумла Муҳаммадсаид Ризоӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ, Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаим Карим), Маҳмудҷон Файзраҳмон, Саидов Шамсиддин, Ёқубов Илҳомҷон ва Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод шуда буданд. Пас аз намоишҳои баҳсу баррасиҳои сохткорона панҷ нафар номзадии худро пас гирифтанд ва ду номзад, Мирзораҳим Кузов ва Муҳиддин Кабирӣ боқӣ монданд. Санаи 24 майи соли равон дар натиҷаи овоздиҳӣ, гӯё “пинҳонӣ” шаш нафар ба тарафдории Мирзораҳим Кузов, чордаҳ нафар ба тарафдории Муҳиддин Кабирӣ овоз доданд ва се нафар ширкат накарданд. Ниҳоят ба ҳамин тартиби намоиши сохтакорӣ М.Кабирӣ ба муддати чор сол боз раиси ҲНИ интихоб гардид. Дар атрофи масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз давлатҳо набояд ба муносибати дугона роҳ диҳанд. Имруз М.Кабирӣ чунин вонамуд менамояд, ки ҲНИ дар хориҷа ҳам имрӯз фаъолият дошта, қароргоҳҳои худро ташкил намудааст.Бояд зикр кард, ки ҲНИ дар солҳои фаъолияти худ хеҷ кори манфиатовар баҳри ҷумҳурӣ накарда буд, ягона коре, ки ҲНИ иҷро намуд, ин ташкили табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 мебошад. Имрӯз ҷомеа хуб медонад, ки ҲНИ чӣ мақсад дошту чӣ корро анҷом додани буд.
Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз фаъолияти машкук ва хатарбори ҲНИ ҷойи махсус дорад. Гап дар сари он нест, ки ҲНИ -и як замон ҳизби мухолиф гӯё қудрат дошт. Маълумоти дақиқ мавҷуд аст, ки замоне, ки роҳбарони ин ҳизби мамнуъ аз “афзоиши беш аз 40 ҳазор аъзои ҳизб” лоф мезаданд, дар асл, аъзои он на бештар аз 9 ҳазор нафар набуд. Боқимонда он нафаронеро ҳам, ки барои хондани намоз (асосан намози ҷумъа) ба “масҷидҳои” ҲНИ мерафтанд, ҳамчун узви наҳзат эълон мешуданд. Чунончи, Зубайдуллоҳи Розиқ, ки замоне вазифаи гуфтани амри маъруф ва имоматӣ дар масҷиди вокеъ дар кароргоҳи марказии ҲНИ -ро дошт, ҳар рӯзи чумъа баъд аз намоз оид ба теъдоди намозгузорони ин масҷид ба роҳбарияти наҳзат гузориш медод. Дигар бахшу шуъбаҳои ноҳиявию вилоятии ҲНИ низ ҳамин корро мекарданд. Ва онҳое, ки дар асл, барои намози ҷумъа ба ин масҷидҳо рафтаанд, ҳамчун узви ҲНИ ҳисобида мешуданд. Имрӯз раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ ПМ, бо пуштибонии хољагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, чун солҳои навадуми асри гузашта бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки кишвари моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Бешубҳа, мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш, аз зумраи бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Гумроҳшудагон ба ғайр аз тўҳмату ғайбат дигар коре надоранд. Ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ аз ибтидои фаъолияташон ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд ва имрӯз низ пеш аз ҳама барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ТТЭ ҲНИ дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.Дар урфият мегӯянд, вакт довар асту таърих гувоҳ. Воқеан, ҳақикати таърих дар руи об аст, ки аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ зери роҳбарии М.Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд. Мардуми мушкилнописанди кишвар ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои гумроҳшудагон миллат комилан бовар намекунанд. Хулоса, натиҷаҳои нохалафиву ватанфурӯшии аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати гумроҳшудагони ифротӣ – ТТЭ ҲНИ муборизаи беамон мебарем!

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *