Эътироф шудани ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ.

 

ТТЭ ҲНИ, ки барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд,ба халқи тоҷик ғамударди зиёд овард. Дар ин ҷанги бародаркуши панҷсола зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 2миллион шаҳрванд бе хонаву дар монанд. Қисми зиёди одамон гуреза ва муҳочир шуданд. Дар баробари ин талофот,ба иқтисодиёти кишвар ба андозаи 7-10 миллиард доллар зарари моддӣ расид. Айни замон ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш дар се самт амал доранд: пеш аз ҳама, заминаи моддию молиявиашонро ба таври назаррас таҳким медиҳанд, дар васоити ахбори худ ташвиқоти ғаразноки зиддиконститутсионӣ интишор мекунанд ва ба террористону тахрибкорон таълими ҷангӣ меомӯзанд. Пас аз манъи фаъолияти ТТЭ ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба кишварҳои шарқӣ аз Аврупо фирор карданд. Аз он дам то кунун хадамоти махсуси хориҷӣ ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва маблағкузорӣ менамоянд. 29-сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ-ро  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.  Бо мақсади ноором сохтани вазъ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз интихоботи парлумонӣ ва президенти соли 2020 боз ҳам ТТЭ ҲНИ кӯшишҳои иғвогарона дорад. Барои амалӣ кардани ин кӯшишҳо беш аз 40 нафар аъзои ин ҳизби мамнуъ дар Афғонистон таълими махсуси ҷанги меомӯзанд. ДИИШ давлати исломии Ироқу шом дар таърихи терроризми ҷаҳонӣ яке аз ташкилотҳои хунхортарину ғаддортарин эътироф шудааст. Имрӯзҳо дар қаламрви Афғонистон, ба ғайр аз Толибон ва ДОИШ, боз дигар созмонҳои  байналмилалии террористӣ, чун ҲНИ мавҷуданд, ки ҳадафи асосисии ҳамлаи онҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи қатъии ҲНИ ба ҳайси як замони  террористӣ-экстремистӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои муштаракро дар мубориза алайҳи терроризм метозанд. Ҳамзамон, ин яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтақа ва умуман ҷаҳон хоҳад буд.  Муҳим аз ҳама, ин ба эъҷоди як шабакаи васеи зиддитеррористӣ мусоидат мекунад. Дар он меъёрҳои дугона, аз қабили тақсимоти террористон ба “бад” ва “хуб” вуҷуд нахоҳанд дошт. Ин қадами ҷиддиест барои таҳкими сулҳ, ки дар пойдории субот, амнияти ҷудонопазир ва эҳтироми тарафайн асос меёбад.

 

Изҳорот

Аз ин рӯ, мо – аҳли ҷомеа, бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем, дар амри пешгирӣ ва хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи ватани азизамон ҳаммаром бошем.

 

Китобдори дараҷаи -2 юми           

                                                                  китобхонаи муқаррарӣ

                                               Қаюмова М

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *