ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЭҲЁИ ХУДШИНОСӢ ВА ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРӢ!

Санаи 11-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДИС ДДТТ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: Эҳёи худшиносӣ ва эъмори давлатдорӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро директори донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмонон ва маърузакунандагонро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Конференсия бо иштироки ҳайати васеи меҳмонон, профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада баргузор карда шуда, дар кори он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф., профессор, Усмонзода Х.У., мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, д.и.ф., профессор, Султонзода Т.С. иштирок ва маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуданд.

 

Ҳамзамон, тибқи барномаи конференсия дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, д.и.ф., Пиров А.К., дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров н.и.т., Ҷӯраев М.С., муовини декан оид ба илми факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дабирҷони Маҳмад, муовини директори ДИС ДДТТ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Мирпоччоев Д. ва профессори кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ, н.и.ф., Мирбобоев М.Қ. дар мавзуъҳои мухталиф, вобаста ба саҳми беназири Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, таъмини рушди босуботи иқтисодиёт ва саноати миллӣ, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо, муаррифии китоби тозанашри муаллифон Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ва Солиҷонов Р. «Пешвои миллат ва худшиносии миллӣ» маърузаҳои пурмазмуни илмӣ намуданд.

Конференсияи мазкур дар фазои озод, илмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, бо натиҷабардорӣ аз баррасии маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ ва дар фарҷом, сурудани суруди дилнишин дар васфи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби донишҷӯён, ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *