ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони дис ддтт оид ба суханрониҳои пучу бемантиқи Кабирӣ 

 Мо ҷавонон-донишҷӯёни ДИС ДДТТ роҳбару пайоравони ТТЭ ҲНИ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаашон бо навбат баромадҳо  менамоянд, назарсанҷӣ карда, ин хиёнаткорони миллатро    шадидан маҳкум менамоем.

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз истифодаи васеъи шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ТТЭ ҲНИ гардидааст. Ин гурӯҳи ифротгарои динӣ, хоса роҳбари он М.Кабирӣ мехоҳад, ки давлату миллат, фарҳанг, зиндагии ободу осудаи мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор диҳад. Рафтору гуфтори М. Кабирӣ аз даъвоҳои пучу беъманӣ иборат аст. Зуҳуроти ҷаҳонбинии маҳдуд ва ноогоҳӣ аз донишҳои оддӣ боис гардид, ки Кабирӣ натавонист тамаддунофариву фарҳангсолории миллати шарифи тоҷикро муаррифӣ намояд. Баръакс, исбот намуд, ки майнааш олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Нафақат роҳбарияти он, инчунин аксарияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Агарчи зоҳиран роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ вонамуд менамояд, ки гўё дар расидан ба истиқлолият саҳми арзанда дошта бошанд, вале ин фиреби назаре беш нест, зеро онҳо ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, аз усулҳои хатарбори миллаткуш истифода намуданд, ки яке аз он ба тарзи густурда ҷудоӣ андохтан байни минтақаҳои кишвар буд.

Мо ҷавонон, аз ҳар рафтору гуфтори роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони онҳо хулосаи мантиқи барорем. Ин ҳама навиштани андешаро аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаем ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Воқеан, халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *