Дониш инсонро ба авҷи хушбахтӣ мерасонад

Имрўз дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархунда – Рўзи Дониш таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён – устодону донишҷўёни гиромиқадрро ба муносибати оғози соли таҳсили 2019-20 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омўзиши илму дониш ва тадқиқотҳои илмӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Ҳозирини арҷманд! Маҳз натиҷаи заҳмати софдилонаи ҷомеаи меҳнатӣ буд, ки, дар ҳама самтҳо фаъолияти назарраси олимон, устодон ва донишҷўёни ДИС ДДТТ ба назар мерасад. Мо ифтихор аз он дорем, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд.

Айни замон дар Донишкада 251 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 7 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 63 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ бурда, ба таълиму тарбияи беш аз ҳафт ҳазор нафар донишҷӯён машғул мебошанд.

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст.

Пояи моддию техникӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, таълим дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, толорҳои лексионӣ, утоқҳои лингафонӣ, лабораторияҳо амалӣ мешавад. Айни замон дар донишкада зиёда аз 531 компютерҳои замонавӣ ба шабакаи баландсуръати Интернет пайваст карда шудаанд. Барои донишандӯзӣ донишҷӯён аз китобхонаҳои муқаррарӣ, аз он ҷумла 13442 адад китоби бадеӣ ва 44107 адад китобҳои тахасусӣ ва электронӣ бо хазинаи 8862 адад китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ, синфхонаи Интернет бо 64 адад компютери замонавӣ ва дигар имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд бурд.

Рафти бақайдгирии довталабон соли равон нишон дод, ки ДИС ДДТТ-ро беш аз 15 ҳазор нафар интихоб намудаанд ва ин имкон фароҳам меоварад, ки нақшаи қабул сад фоиз иҷро гардад.

Раёсати Донишкада барои тайёр намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа медиҳад. Аз аввали соли 2019 то имрўз аз тарафи устодони Донишкада 8 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуда, 7 нафар барои ҳимоя иҷозат гирифтанд.

Ҳамасола донишҷӯёни донишкада барои таҳсили хубу аъло сазовори идрорпулиҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, раисони шаҳру ноҳияҳо, грантҳои берунӣ ва дохилии кишвар мегарданд. Соли равон 26 нафар донишҷӯ ва магистрон ба гирифтани идрорпулӣ мушарраф гаштанд.

Дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазифаҳои гуногун иштирок намуданд.

Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷўён ва магистрон тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ  ба роҳ монанд.

Устодон ва донишҷўёни азиз!

Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва ҷашни фархундаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш ва сарбаландию сарфарозиро таманно менамоям.

Имрўз баъди чанд лаҳза бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дарси сулҳ баргузор мегардад. Мо ҳама ба толор ва синфхонаҳои барҳаво ворид гашта, аз суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар мегардем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *