Дастовардҳои аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ назаррасанд

Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода дар ҳузури намояндагони васоити ахбори умум оид ба фаъолияти донишкада дар соли 2018 маъулмот дода, таъкид намуд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот мебошад, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 2-уми ноябри соли 2017, №5666, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Дар Донишкада 251 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 7 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 63 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд.

Олимӣ Рауф Латифзода аз дастовардҳои назаррас ва комёбиҳои аҳли ҷомеаи донишкада ёдовар шуда, зикр намуд, ки донишкада ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ пурра шомил гашта, таҳсил бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.

Пояи моддию техникӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, таълим дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, толорҳои лексионӣ, утоқҳои лингафонӣ, лабораторияҳо амалӣ мешавад. Айни замон дар донишкада зиёда аз 531 компютерҳои замонавӣ ба шабакаи баландсуръати Интернет пайваст карда шудаанд. Барои донишандӯзӣ донишҷӯён аз китобхонаҳои муқаррарӣ, аз он ҷумла 13442 адад китоби бадеӣ ва 44107 адад китобҳои тахасусӣ ва электронӣ бо хазинаи 8862 адад китобу дастурҳои таълимӣ ва маҷмааҳои таълимию методӣ, синфхонаи Интернет бо 64 адад компютери замонавӣ ва дигар имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд бурд.

Теъдоди умумии донишҷўён 4866 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2485 нафар дар шуъбаи рўзона ва 2385 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.

Дар соли хониши 2018-2019 нақшаи қабули довталабон ба Донишкада, ки аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, 99,6 % иҷро гардид, ки он 1044 нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба шуъбаи рўзонаи 857 нафар ва ба низоми таҳсилоти фосилавӣ 151 нафар, ба докторантура аз рўи ихтисос PhD 6 нафар ва барои гирифтани маълумоти олии дуюм ва идомаи таҳсил 30 нафар дохил шуданд.

– Дар донишкада маросими супоридани дипломҳои тахассусӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Соли равон 957 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона, ғоибона ва магистратура донишкадаро хатм намуданд. Аз ин теъдод 51 нафар хатмкунандагон сазовори дипломи аъло гардиданд. Барои тайёр намудани кадрҳои дорои унвони илмӣ дар Донишкада таваҷҷўҳи хос зоҳир карда шуда, дар соли 2018 – 8 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуда, 7 нафар барои ҳимоя иҷозат гирифтанд.

Ҷоизаи Бобоҷон Ғафуров дар риштаи илм ва “Сипоснома”-и озмуни ихтироъкорони ҷавон аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Содирхон Умаров барои таҳияи матни интиқодии асари Муҳаммадшариф ибни Шоҳбадал ибни Маликшоҳ “Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ” ва мудири шӯъбаи китобхонаи электронӣ Абдурашид Ҷабборов супорида шуд.

Ҳамасола донишҷӯёни донишкада барои таҳсили хубу аъло сазовори идрорпулиҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, раисони шаҳру ноҳияҳо, грантҳои берунӣ ва дохилии кишвар мегарданд. Соли равон 26 нафар донишҷӯ ва магистрон ба гирифтани идрорпулӣ мушарраф гаштанд.

Дар ҳафтаи худидоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада дар вазифаҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар Фестивал-озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ” дар номинатсияи “Ороиши муй дар замони муосир” донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” Анварова Ҷансу Дуановна сазовори ҷои аввал гардид. Дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Маҳмудова Фарангис ҷои сеюмро ишғол намуд.

“Донишкада барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати таълим ва дониши донишҷӯён сол то сол иштироки онҳоро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо таъмин менамояд. Донишҷӯёни донишкада дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ пайваста ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Соли 2018 дар олимпиада барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар ба гирифтани мақоми 3 ва 4 нафар бо ифтихорномаи АИ ҶТ мушарраф гаштанд. Донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори мақоми аввал мегарданд, пурра аз пардохти маблағи таҳсил озод карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм мегарданд, мутаносибан аз 50 то 30 фоиз аз пардохти маблағ озод мешаванд”-зикр намуд директори донишкада.

Дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва умумиҷаҳонии донишҷӯён ғолиб омада, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд афрохта аст: соли 2011 дар Малайзия; соли 2013 дар шаҳри Кангуни Мексика; соли 2014 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин; соли 2016 дар Канада; соли 2017 дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир; соли 2018 дар штати Сан-Франсискои ИМА дар озмуни байналмилалии соҳибкории озод иштирок намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар асрсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Айни замон Донишкада бо зиёда аз 200 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомўзӣ дорад. Қисме аз таҷрибаомўзон баъд аз хатм дар он ташкилот ва корхонаҳо бо кор таъмин мешаванд. Аксари хатмкунандагони шўъбаи ѓоибона бошад, худ бо ҷои корӣ таъмин мебошанд ва танҳо барои баланд бардоштани тахассус ва малакаи касбӣ дар Донишкада таҳсил менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳои худ оид ба дараҷаи касбияти мутахассисони ҷавон, мусаллаҳ будани онҳо бо донишҳои муосир, бахусус зарурат ва аҳамияти забондонии онҳо пайваста таъкид мекунанд.

Аз ҷумла, дар Паёми солонаи худ масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷўён, омўзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷўҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Дар донишкада маркази таълимии забонҳо ва соҳибкорӣ фаъолият мебарад, ки донишҷӯён имконият доранд иловатан аз курсҳои кутоҳмудат истифода баранд. Дар марказ омузиши забонҳои англисӣ, олмонӣ, русӣ ва хитоӣ мавҷуд буда, инчунин курси тайёрӣ барои довталабон ва курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯӣ 18 номгӯ ба монанди: 1 С-бухгатерия, омӯзиши малакаҳои пешхизмат, нарх ва нархгузорӣ, асосҳои технологияи информатсионӣ, андоз ва андозбандӣ ва ғайраҳо омӯзонида мешаванд.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи забономўзии мутахассисони ҷавон, тавассути ташкил намудани гурўҳҳои бо забони англисӣ таҳсилкунанда дар донишкада ҳалли худро пурра ёфтааст. Ҳоло донишкада аз рӯи 2 кластер, 20 ихтисос мутахассисонро дар шӯъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ тайёр менамояд: Аз он ҷумла, 14 гурўҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд.

Зиёда аз 20 нафар олимону омӯзгорон дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд.

Чунин тарзи таълим дар сатҳи ҷумҳурӣ танҳо дар Донишкадаи мо ба роҳ монда шудааст, ки ин дастоварди арзанда маҳсуб мешавад.

Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону донишҷўён ва магистрон тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомўзиро дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монанд.

Дар донишкада майдончаи варзиши замонавӣ мавҷуд буда, дар он намудҳои варзиш: волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва ғайраҳо гузаронида мешаванд. Барои устодону донишҷӯён толори варзиши замонавии “Фитнес” амал менамояд, ки дар он 18 тренажер, 4 тенниси рӯи мизӣ ва дигар таҷҳизоти варзишӣ гузошта шудаанд.

Донишҷуёни донишкада дар Спартакиадаи Ҷумҳуриявӣ соҳиби 5 медал ва дар Спартакиадаи вилояти сазовори 18 медал гардиданд.

Сипас байни намояндагони васоити ахбори умум ва директори донишкада саволу ҷавоб баргузор гардид. Рӯзноманигорон перомуни вазъи хобгоҳ, теъдоди донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, нақшаи қабул ва ихтисосҳое, ки ба он хатмкунандагон бештар таваҷҷуҳ доранд, дастгирии ҳаматарафа аз тарафи Иттифоқи Тоҷикматлубот, таҳсил дар хориҷи кишвар, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон, омӯзиши забонҳои англисию чинӣ, дар амал татбиқ намудани илм бо истеҳсолот, таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор, саволҳои худро пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *