«Дар меҳмонии ректор» донишҷўёнро сарҷамъ кард

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи лоиҳаи ҷадиди «Дар меҳмонии ректор» чорабинии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 120 нафар донишҷўёни фаъолу боистеъдоди мактабҳои олии кишвар – аз вилоятҳои худмухтори Бадахшон, Хатлон, Кулоб, Суғд, шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ бо иштироки донишҷўёни кишвар бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ гузаронида шуда, бо барномаи ҷолиби адабию фарҳангӣ мураттаб гардид, ки писанди хотири иштирокчиён гашт.

Баъди пазироии самимӣ аз тарафи раёсати донишкада меҳмонон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият дар чорабинии гусели наваскарон ширкат варзида, бо барномаи рангини ҳунарии санъаткорони вилояти Суғд ошно гаштанд.

Дар саҳни Донишкадаи иқтисод ва савдо бо садои карнаю сурнай иштирокчиёни чорабинии «Дар меҳмонии ректор» истиқбол гирифта шуданд ва онҳо аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷўён ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, таассуроти нек бардоштанд.

Сипас дар толори бошукўҳи донишкада конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода оғоз гардид ва мавсуф меҳмонон ва аҳли нишастро самимона хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбиҳо таманно кард. Дар ҳузури иштирокчиёни конфронс намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарипова Маҳинабону Ҷовидовна суханронӣ карда, дар сатҳи баланд баргузории конфронси мазкурро натиҷаи фаъолияти пурсамари раёсат ва ҷомеаи меҳнатии донишкада арзёбӣ кард. Дар конфронси ҷумҳуриявӣ номзади илмҳои биологӣ М. Дониёрова дар мавзуи «Об барои рушди устувор», доктори илмҳои иқтисод, профессор А. Азимов перомуни «Нақши об дар рушди иқтисоди миллӣ» маърўзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Бо забони англисӣ устодони донишкада Д. Мирпочоев ва С. Мухторов дар бораи нақши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти об ва дастрасии ин неъмати бебаҳои табиат ба сокинони сайёра изҳори андеша намуданд.

Баъдан бо иштироки директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода ва иштирокчиёни чорабинӣ мулоқоти судманду хотирмон баргузор гардид. Директори донишкада дар бораи нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва бояд бо донишу маданияти баланд касбу ҳунар омўхта, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Меҳмонони чорабинӣ ба осорхона ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, аз хонаи Камол дидан карданд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Кохи «Суғдиён» барномаи фарҳангии дастаи «Ҳаҷвнигорони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Барои меҳмонон аз ҷониби донишҷўёни ДИС ДДТТ барномаи фарҳангию фароғатии «Шоми ҷавонӣ» намоиш дода шуд, ки мақбули хотири иштирокчиён гардид. Бо ҳамин чорабинии ҷумҳуриявии «Дар меҳмонии ректор» бо таассуроти неку хотирмон ба анҷом расид.

Нуъмон Раҷабзода

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *