МУРОҶИАТНОМАИ  УСТОДОНИ КАФЕДРАИ МОЛШИНОСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИ ДИС ДДТТ  

 

Терроризм ва экстримизм яке аз падидаҳои хатарноки замони муосир ба ҳисоб меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди он ва бо мақсади таъмини амнияти милӣ ва давлатдорӣ як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифта дар амал тадбиқ карда истодааст.

Имрӯзҳо масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм яке аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, ки ин вабои аср ба амнияти инсоният таҳдид менамояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳо меандешад, ки онҳо ҳамасола дар баромад ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос мегарданд.

“Бо дарназадошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи  терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем” такид мекунанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад ва мақсади асосии давлат ва ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона мебошад.

Мо устодони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ дар ин раванд, тамоми таҷриба ва малакаи худро истифода бурда, алайҳи терроризм, экстримизм ва падидаҳои номатлуби хоинони миллат мубориза мебарем, намегузорем, ки ватани орому осудаи мо таҳти хатар қарор гирад.

Кулли устодони  кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *