Чорабинии идона бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 2-юми ноябри соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона, бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз директори донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, устодону донишҷӯёнро бо ин санаи муҳим табрик намуд.
Таъкид гардид, ки санаи 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 27 солагии онро ҷашн хоҳем гирифт. Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ифтихори ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагии бинои таълимии нав як қатор устодон ва кормандон бо нишони «Аълочии кооператсияи матлубот» ва Ифтихорномаи Иттифоқи Тоҷикматлубот, инчунин Сипосномаи раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Абдуллоева Дилором дар мавзӯи «Мавқеи Конститутсия дар инкишофи давлатдории тоҷикон» маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд.
Баъдан, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 24010302-«Танзими ҳуқуқии молия ва қарз» Мунавваров Сайфиддин таҳти унвони «Аз таърихи қабул ва рушди Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дар байни донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ озмуни «Донандаи беҳтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Донишҷӯён ба дастаҳои «Фемида», «Ҳифзкунандагони Конститутсия» ва «Танзим» тақсим шуда, байни ҳам аз рӯи чор шарт рақобат намуданд.
Дар охири чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

IMG_0476
IMG_0478
IMG_0572
IMG_0490
IMG_0496
IMG_0589
IMG_0605
IMG_0621
IMG_0632
IMG_0640
IMG_0644
IMG_0651
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *