БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ БА ИҒВОЮ ДАСИСА МАШҒУЛАНД!

Мушоҳидаву таҳлилҳои соли охир собит менамоянд, ки нақши хоҷагони хориҷӣ ба хоинони миллат ва умуман гуруҳҳои ифротӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва ба қудрати молию сиёсӣ расидан ба назар мерасанд. Ин ҳолат далели он аст, ки иддае аз давлатдорони ғарбӣ аз картаи исломи сиёсии минтақавӣ истифода мекунанд, то барномаҳои манофеи сиёсию иқтисодиашонро тадриҷан дар минтақа пиёда созанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо аз таҳлили саҳифаҳои интернетӣ ҳазорон мисол оварда метавонем, ки шахсони манфиатдор бо расмҳои таҳдидангез фазои иттилоотиро зери қабзаи муҳосира гирифта, ошкоро намояндаҳои макомоти давлатию қудратӣ ва фарҳанги миллиро бадном месозанд.Масалан яке аз бадхоҳи миллат, амиқтараш думравони фаъоли паймони наҳзати худсохта –“Паймони милли…” афроди бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки имрузҳо аз имконияту афзалияти шабакаҳои иҷтимоӣ минбардорӣ карда, бо ин васила нисбати давлату миллати кишвари соҳибистиқлоламон иғвову буҳтонҳо бофтанаш ба назар мерасад. Дар атрофи ин масоил мо борҳо андешаи хешро иброз намуда, баромадҳои ифротии М.Садриддинро шадидан маҳкум намудааем. Бояд қайд кард, ки Муҳаммадиқболи Садриддин то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, аз дастовардҳои беназири кишвар ва умуман, аз воқеияти ҳол сарфаҳм нарафта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бештар тариқи канали YouTube -и “Isloh. tv”, бо ҷалби шогирдону пайравонаш, аз ҷумла Адухалил Восиев ва Муҳаммад Тағоев дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”баромад намуда, ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғуланд.

                                                                          

Хуллас, ин қабил тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ, зимни баромадаҳояшон, бештар хабарҳои бардурӯғ, танқид ва иттилоои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба тахлуқа ва дар мафкури ҷавонони камтаҷрибаву ногоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат даъват менамоянд. Таъкидан хотирррасон менамоем, ки ин тудаи роҳгумзадаи ифротӣ бояд фаромӯш насозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати солҳои 90-уми асри гузашта набуда, имрӯз яке аз давлатҳои қавии минтақа ба шумор рафта, фарзандони фарзонаву бонангу номуси он ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба Тоҷикистони азиз осебе расад. Замони муосир кишвари мо ҳам аз назари сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз назари ҳарбиву низомӣ хеле қудратманду тавоно гардидааст. Мо боварии комил дорем, ки кишвари мо зарфияти қавии мубориза бар зидди ҳар гуна ҷангҳои иттилоотиро низ дорад ва аз ҳама гуна нақшаву барномаҳои навнаҳзатиҳои фурӯхташуда ва гурӯҳҳои ифротӣ кайҳо огоҳ мебошанд ва намегузорад, ки бори дигар миллати бошараф ва ватандӯсту баруманди тоҷик ин ҳодисаи нангинро аз сар гузаронанд. Пас, дар шароити муосир ҳар як ҳукумати кишвар дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш чораҳои огоҳона ва самаранок андешанд. Замоне, ки корбарони фазои маҷозӣ бештар гардида истодаанд ва аз ин раванд созмонҳои ифротгаро истифода намуда, фаъолияти экстремистиву террористии худро дар фазои маҷозӣ ба таври густурда роҳандозӣ менамоянд, моро зарур аст, ки бо сиёсатгузории дуруст фаъолияти ғаразноку хатарзои ташкилотҳои экстремистиро пешгирӣ намоем. Аз ҷониби дигар моро зарур аст, ки вазъияти вуҷуддоштаро, яъне, сулҳу суботу амнияти доимие, ки саросари кишвари Тоҷикистони азизи моро фаро гирифтааст, бо ҳар роҳу усул чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳуриамон тамоми корҳои аз дастамон меомадаро ватандӯстона ва софдилона иҷро намоем.

М. АХМЕДОВ
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *