Ҳаёт бидуни хушунат зебост!

Дар доираи маъракаи иттилоотии “16-рузи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оила” дар ДИС ДДТТ таҳти унвони “Ҳаёт бидуни хушунат зебост”бо иштироки директори ташкилоти ҷамъиятии “Насл” Орзухон Ғаниева, аъзои Шӯрои фаъолзанони кумитаи кор бо занон чорабинии судманд баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон  Ҷонназарова Д ифтитоҳ намуда, ҳама гуна амалҳои зидди зуроварии гендериро маҳкум намуда, таъкид намуд, ки таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба шумор рафта инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯровариву хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки он дар маркази диққат ва таваҷҷӯҳи сарвари давлат қарор дорад. Баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо маҷмӯи қонунҳо ва чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Дар мулоқот бобати якдигарфаҳмӣ дар оила, муносибатҳои байниҳамдигарӣ, эҳтироми калонсолон дар оила, сарфаю сариштакорӣ ва бад-ин васила ҷиҳати пешгирии омилҳои  хушунат дар оила сӯҳбат гузаронида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *