Ҳизби ормонҳои халқ


Дар ДИС ДДТТ бо ибтикори факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, кафедраи назарияи иқтисод семинари илмӣ бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ таҳти унвони “Ҳизби ормонҳои халқ” баргузор гардид.

Доктори илмҳои иқтисод, профессор Абдумавлон Азимов дар ҳузури устодону донишҷӯён дар бораи нақши созандаи ҳизби роҳнамои мардум бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, нигоҳе ба таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти пурсамари он дар вилояти Суғд афканда, нақши ҳизбиёнро дар пешрафту шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ин семинар ҳамчунин Бобоҷонова Очаой – Раиси кумитаи бонувони  маҳаллаи “Тути калон” низ иштирок намуда,  перомуни нақш ва мақоми ҲХДТ дар рушди давлатдорӣ ва дастгирии бонувон андешаҳои судманд баён дошт.

Декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Ҳабибуллохон Баҳодуров баргузории чунин семинарҳоро дар шинохти таърихи давлатдории тоҷикон ва ошно гаштан ба аҳдоф ва ормонҳои ҲХДТ муҳим арзёбӣ кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *