АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТҲОИ НОМАТЛУБИ ЗАРАРОВАР МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

                                   
   

               Марҳилаи муосири ҷаҳонишавӣ боиси ташаккули нақш ва мақоми воситаҳои ахбори омма, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар технологияҳои гуногуни иттилоотӣ гардида, ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсоният табдил ёфтааст.Воқеан, пас аз пайдоиши Интернет ва гузариши чандин солҳо торномаҳои гуногуни интернетӣ пайдо гаштанд. Шаклҳои гуногуни алоқа, муоширатҳо аз масофаи дур, тарроҳӣ ва коркарди барнамоҳои гуногуни телефониву компютерӣ, бавуқуъоии наслҳои нави компютерҳову телефонҳо тараққиёти Интернет ва технологияро таъмин намуданд. Хуллас, як ҷаҳони нав ба вуқуъ пайваста, махсусан, яке аз ҷузъи тарбкии рушдёфтаи он дар шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Instagram, Telegram, Tik Tok, Одноклассники ва ғайра ҷойгир намудани филмҳо ва наворҳои кӯтоҳмуддат, ки хусусияти ахлоқиву тарбиявӣ надоранд, ба назар мерасанд. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосири геополитикӣ нуҳуфта ва ё аёнанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки пешниҳодоти зиёди саргармкунанда доранд истифодабарандагон, махсусан ҷавононро ба худ алоқаманд мекунанд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ одат мешавад. Ҳоло гурӯҳу созмонҳои гуногуни сиёсие пайдо шудаанд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ё иғвоангез истифода мебаранд. Чунин гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи ҷавононро ба худ ва татбиқи ҳадафҳои худ нигаронида бошанд. Масалан яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуда, кӯшиш карда истодааст, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Илова бар ин, зимни баромадҳо меноланду шарме надошта аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони ватанӣ талбандагӣ мекунанд. Вале, мутаассифона бархе ҷавонони сустиродаву беандешае, ба доми фиреби ифротгароён афтода, барои ҳамкорӣ ва ирсоли маблағ ба суратҳисоби бонкии сомонаи “Ислоҳ.нет” ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Бояд ёдовар шуд, ки аксарияти раҳбарияту аъзоён ва думравони наҳзат ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин кишвари азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки ҷавононе, ки ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, хушбахтона имруз шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияташон хатогии худро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.
Дар фароварди андешаи хеш, бояд қайд кард, ки барои мубориза бурдан ба зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем. Баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони милли”, умуман бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои хоинони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибокрӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *