Конститутсия қонуни асосии давлат ба ҳисоб рафта, дар он мақсаду мароми ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, ки дар он принсипҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷӣ дарҷ гаштаанд. Ин санади муҳимми давлатӣ ифодагари иродаи халқ аст, зеро халқ дар муҳокимаи он бо пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона ширкат меварзанд ва барои қабули он раъйи худро изҳор менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар он айёми бисёр мудҳишу вазнин фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрд. Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар давлат фазои беҳокимиятиву зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Давлат дар вазъияти нестӣ ва миллати тоҷик дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси қурбонињои азими ҷонӣ, талафоти бузурги молӣ, таназзули иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, поя ва асосњои давлатдориро фалаҷ кард.
Дар чунин шароити душвору мураккаб вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Дар Иҷлосияи тақдирсоз бо баробари қабул шудани нахустин рамзи давлатӣ – Парчам, корҳо доир ба таҳияву қабули Конститутсияи нави кишвар оғоз гардиданд.
Дар баробари ҳалли масъалаҳои мураккаби сиёсати дохилӣ, Сарвари кишвар 29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва ниятҳои нек, давлати моро ба ҳайси субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Аз ҳамон рӯз давлатҳои ҷаҳон ба кишвари мо ҳамчун як давлатӣ сулҳдӯсту сулҳофар ва созанда нигоҳ карда, муносибатҳои давлатҳои дуру наздик бо Тоҷикистон боз ҳам рушду густариш ёфтанд.
Аз лиҳоз, бо мақсади тақвияти заминаҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон ба қабули Конститутсия оғоз намуд. Дар кишвар ҳар чи зудтар, ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибихтиёр таъриқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ муайян гардида шуданд.
Сохт ва моҳияти давлатдорие, ки дар Конститутсия дарҷ гардид, аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ ва дастгирӣ карда шуд ва таърих дурустии роҳи интихобкардаи давлати моро собит сохт. Баробари рушду тараққиёти ҷомеа зарурат пеш омад, ки ба Конститутсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд. Бо ҳамин мақсад, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Дар асоси моддаи 11-уми Конститутсия: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Ҳамчунин, ин қонуни асосӣ пешбинӣ кардааст, ки «Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд»
Соли равон аз қабул шудани ин санади муҳими давлатӣ 30 сол сипарӣ мегардад.
Аз ин рӯ, ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсия ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2023 дар Паёми навбатии хеш оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Конститутсия меҳвари асосии маърифати ҳуқуқӣ мебошад, ки он бешубҳа ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад. Ба шарофати Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гашт, ки ба боло рафтани обруву эътибори байналмилалии ҷумҳурӣ замина фароҳам овард.
Бо баробари қабул шудани Конститутсия, заминаҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким гашта, якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ин самт қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хидмати дипломатӣ» (соли 2014 ва бо тағйирот дар соли 2019) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2016) дар таҳрири нав қабул шуданд. Ҳамчунин, “Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 1995), “Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2006) дар таҳрири нав ва бо тағийру иловаҳо қабул гаштанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 январи соли 2015 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он бо назардошти таҳаввулоту дигаргуниҳо дар арсаи байналмилалӣ, ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат муайян карда шуданд.
Дар баробари ин, дар низоми хадамоти консулӣ шабакаҳои электронӣ таҳия ва судури шиносномаҳои дорои маълумоти биометрии хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ роҳандозӣ гардид. Аз ин лиҳоз, дар кишвари мо, барномаи судури раводиди электронӣ (e-visa) барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 июни соли 2016 роҳандозӣ карда шуд. Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 январи соли 2022 “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ” қарор қабул намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз охири соли 2002 сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро роҳандозӣ намуд. Ба шарофати ин сиёсат равобити байналмилалии Тоҷикистон боз ҳам рушд ёфт ва то имрӯз бомуваффақият идома дорад. Бо амалӣ намудани ҳамин сиёсат кишвари мо тавонист, муносибатҳои неку дӯстонаи худро бо кишварҳои дунё густариш диҳад ва симои мусбати Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон тақвият бахшад.
Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳала намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардиданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкориҳои судманд менамояд.
Конститутсия барои бо ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани кишвари мо замина гузошт ва дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Дар баробари ин, ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои обу муҳити зист ва дигар мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириҳои худро пайдо кардаанд. Махсусан, силсила ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об ва иқлим аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ худро ёфтаанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза эълон гаштани соли 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» мебошанд. Инчунин, аз тарафи СММ эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” обруву эътибори кишвари моро дар ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.
Имрӯз вазъи ҷаҳон ниҳоят мураккабу ҳассос гаштааст. Алалхусус ҷомеаи ҷаҳониро вусъатёбии хавфу хатарҳои нави глобалӣ, аз ҷумла мусаллаҳшавии бошитоб, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб, ки ба суботу оромӣ ва амнияти кишварҳо таҳдид эҷод мекунанд, сахт ба ташвиш овардаанд.
Бо дарназардошти ин раванд, ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки ба Конститутсия ва қонунҳо эҳтиром гузоранд, зеро онҳо таъминкунандаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Вобаста ба ин раванд, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмааи умумии СММ барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин ташаббуси навбатии Сарвари кишвар, бевосита дар ҷаҳони пуртазоду мураккаб басо сари вақтист. Зеро, ибтикорҳои Пешвои миллат аз сиёсати баланди сулҳҷӯёна ва сулҳпарварона гувоҳӣ медиҳад
Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги шаҳрвандӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд.
Ҳамин тариқ, маҳз бо амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон дода шуда, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шуданд. Ҳамчунин, рушди боустувори иқтисодии кишвари мо таъмин карда шуд ва заминаҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон тақвият ёфтанд, ки барои кору фаъолияти ниҳодҳои татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овард. Конститутсия барои Тоҷикистон шароиту имкониятҳои некро ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои созандаи худ замина гузошт ва кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ тавонист аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардад ва имрӯз мо ифтихор дорем, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо кардаанд. Имрӯз, бо гузашти 30 сол мо аҳаммияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии Конститутсияро бештар дарк ва қадр мекунем. Зеро мо медонем, ки маҳз дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ, Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ рушд кард ва имрӯз мо ифтихор мекунем, ки кишвари мо соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ дар ҷаҳон гардидааст. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ин ҳуҷҷати муҳимми давлатиро риоя ва эҳтиром намоем ва ба омӯхтану донистани он ташвиқу талқин намоем. Вобаста ба ин раванд, эълон гаштани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” метавонад ҷиҳати баланд бардоштани донишу илмҳои ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз падидаҳои номатлуби ҷомеа такони бузург бахшад.
ҲОШИМОВ Ф. Ҷ.,
муаллими калони
кафедраи бомеашиносӣ
ДИСДДТТдар шаҳри Хуҷанд