9 нафар донишҷӯёни донишкада таҳсилоти худро дар доираи лоиҳаи “Мубодилаи байналмилалии кредитии барномаи Эрасмус+” хатм намуда, сарбаландона ба Тоҷикистон баргаштанд

Дар ДИС ДДТТ маросими супоридани дипломҳои хатм баргузор гардид. Директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода хатмкунандагонро ба муносибати хатми муваффақона ва сазовор гаштан ба дипломҳои хатм табрику таҳният гуфт.

Дар ин рӯз, ҳамчунин дар баробари хатмкунандагон ба 9 нафар донишҷӯёни донишкада: 4 нафар аз Донишгоҳи Кордобаи Испания, 4 нафар аз Донишгоҳи Кантабрияи Испания ва 1 нафар аз Донишгоҳи Гедики Истанбул, ки таҳсилоти худро дар доираи лоиҳаи “Мубодилаи байналмилалии кредитии барномаи Эрасмус+” хатм намуда, сарбаландона ба Тоҷикистон баргаштанд, сертификатҳо тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *