15 нафар сазовори дипломи аъло гардиданд

Дар ДИС ДДТТ маросими супоридани дипломҳои хатм баргузор гардид. Директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода хатмкунандагонро ба маросими супоридани дипломҳои хатм хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар шароити буҳрони бемории сироятии коронвирус мо тасмим гирифтем, ки ба маросими дипломсупорӣ аз ҳар як факултет танҳо 15 нафар беҳтаринҳоро ҷалб намоем.

Мавриди зикр аст, ки Донишкадаро соли ҷорӣ 635 нафар хатм намуданд, ки аз он 585 нафар дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона сазовори дипломи бакалавр, аз ҷумла 13 нафар бо дипломи аъло сазовор гаштанд.

Дар шуъбаи магистратура 22 нафар, аз ҷумла 2 нафар сазовори дипломи аъло гашта, дар баробари ин дар донишкада 22 нафар ба дипломи мутахассис мушарраф гаштанд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин хатмкунандагон дипломҳо тақдим карда шуд. Дар навбати худ хатмкунандагон арзи сипоси худро ба устодони донишкада баён дошта, изҳор доштанд, ки дар соҳаҳи мухталифи ҷомеа барои ободию пешрафти кишвар хидмати шоиста менамоянд.

Нуъмон Раҷабзода

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *