Мо ба оромию суботи кишвар масъулем

Имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро мушкилие ба мисли падидаи  экстремизм, терроризм ва фундаментализм фаро гирифтааст, ки ба муаммои глобалӣ табдил ёфтааст. Хусусан воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки  терроризм ҳудуд ё мазҳабу миллат надорад.

Вожаи «террор» ё «терроризм», ки имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд вомехурад, аслан маънои куштор, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тӯлонӣ низ дошта, то ин сатҳ доман густурдани он, албатта, таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо дорад. Коршиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди терроризмро ҳамаҷониба омӯзанд. Зеро чунин зуҳуроти тоқатшикану даҳшатзо имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст.

Аксари ташкилотҳои эктремистӣ барои ба хадафҳои сиёсии худ расидан ба эътиқоди динии одамон такя карда, онҳоро бовар кунониданӣ мешаванд, ки  гӯё сиёсати давлатдорӣ муқобили ақидаи динии онҳост.

Терорризм ҳамчун падидаи муракаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Экстремизм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Экстремизм ва терроризм решаҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ доранд, яъне ин паст будани сатҳи дониши динӣ ва дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, норозигӣ аз вазъи воқеиии иҷтимоӣ, паст будани сатҳи тарбия дар оила ва ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, хусумати шахсӣ нисбати роҳбарон ва шахсони алоҳида, дар сатҳи паст мавҷуд будани фарҳанги иттилоотӣ ва ѓайра.

Бояд қайд намуд, ки падидаи экстремизм нафақат дар дини ислом, балки дар дигар динҳо низ дида мешавад. Зеро дар оинҳои динӣ таъсири дарки масъулият дар шакли амрҳои динӣ ҳис карда мешавад. Бинобар ин, эктремизми динӣ дар давраҳои гуногуни  таърихи инсоният, дар давлатҳои гуногун, дар доираи мазҳабҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Экстремизми муосир мақсад дорад сарҳади байни давлатҳои исломиро шиканад, онро ба давлати ягонаи динӣ табдил диҳад. Имрӯз ин мақсад дар фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом, ки мехоҳад дар тамоми Шарқи Миёна, яъне Ироқу Сурия, Либия, Яман ва ҳатто Афѓонистону давлатҳои мусулмонии Осиёи Миёна ҳукмрон бошад, ҳис карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар шуури ҷавонон бедор кардани ҳисси дунёбезорӣ, ҳиссиёти пессимистӣ, бартарият доштани ҳаёти пас аз марг, ки баъзан дар маъвизаҳои доммулоҳои мо мушоҳида мешавад,ҷавононро ба ҳаётбезорӣ ва руҳафтодагӣ тела медиҳад. Чунин ҷавонон, ки иродаашон хароб гардидааст, тез ба доми онҳое меафтанд, ки қурбон шудан дар роҳи динро аз ҳама чиз авло медонанд.

Воқеаҳои  хунине, ки дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба вукӯъ пайваста буданд, бо дасти хориҷиён ба ин гирдоб фаро гирифтани ҷавонони ноогоҳ ва сустирода буд.

Мақсади  ҳама амалҳои террористӣ бештар барои ба даст овардани ҳокимият равона карда шудааст, аммо ташкилкунандагони он худро амалан зоҳир намекунанд ва бо дасти дигарон асосан аз шахсони аз ҷиҳати маърифат пастбуда истифода мебаранд, аммо ин амалҳо мардуми осоиштаро ба таҳлука андохта боварии онҳоро нисбати ҳокимият аз байн мебарад. Худи террористон ба дараҷае омода шудаанд, ки бе ягон дудилагӣ худро метарконанд ва гӯё бо ин амалашон дар охират онҳо ба биҳишт мерафта бошанд. Имрӯз ин омили номатлуб ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуби террористӣ, дар самтҳои ислоҳи вазъи сиёсии ҷаҳон ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм хеле равшан баён шудаанд, ки аҳамияти  ҷаҳонӣ доранд Ин пеш аз ҳама яъне таҳким додани асосҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамкорӣ дар роҳандозӣ намудани тафтиши байналмиллалии зуҳуроти терроризм, ҳамкорӣ дар  мавриди муҳокимаи Суди байналмиллалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда ва ѓайра.

Ифротгароӣ низ  ба маънои тундравӣ, моҷароҷӯӣ ва зӯроварӣ фаҳмида мешавад, ки бо мафҳуми терроризм ҳаммаъно аст. Ифротгароӣ дар ҷараёни пайдоиш ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ ба монанди буддоия, масеҳӣ ва ислом, ки дар онҳо ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ арзи вуҷуд карда буданд, ба миён омадааст.

Дар замони муосир терроризм аксари давлатҳои ҷаҳонро ба доми худ кашидааст. Воқеаҳое ки дар давлатҳои Фаронсаву Туркия, Россия, давлатҳои араб, Афѓонистон ва ҳатто Эрон ба амал омаданд, аз ин далолат медиҳанд.  Фаромӯш набояд сохт, ки нооромии минтақа ба ҳамсоякишварҳо ҳам халал расониданаш мумкин аст. Бинобар ин, пайвастани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро ва заҳролудшавии афкору андешаи онҳо хатари ҷиддист. Ин аз мардуми бомаърифати ҷомеа тақозо менамояд, ки ҳисси баланди миллию масъулияти ватандориро боз ҳам пурзӯр намоянд. Дар навбати худ  ҳар як сокини кишвар барои сулҳу суббот ва оромии ватан вазифадор аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  шукри беҳад, ки   фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукумрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо бетаъсир нахоҳанд монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ халқи Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халҳпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.

 

 

Бобоев С.С.

мудири кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ, н.и.ф., дотсент

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *