
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки яке аз пайравони фаъоли наҳзат — Муҳаммадиқболи Садриддин пойгоҳи таҳлилӣ, сиёсӣ ва диниро бо номи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон — Ислоҳ.нет” таъсис дода, бештар тавассути канали YouTube — “Ислоҳ TV” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротӣ менамояд.
Зимни баромадҳои ифротии худ М. Садриддин бо ҷалби шогирдону думравонаш дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” идеологияи бегонапарастӣ ва тафриқаандозиро пеша кардааст ва ҳамзамон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон озурдахотир гардида, бо амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи онро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад.
Аз ҷумла, барои бадном кардани кормандони вазорату идораҳои давлатӣ маводи иттилоотии бедалелу бемантиқро дар сомонаи ифротии худ ҷой дода, бо ин васила худро “дилсӯзи миллат” нишон дода, миллати тоҷик ва хусусан ҷавононро ба ҷангҳои иттилоотии бемаънӣ даъват намудан мехоҳад.
Вобаста ба масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд кардан лозим аст, ки имрӯз ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ расониданаш аз назар дур нест. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода намоянд.
Баробари ин, бояд қайд кард, ки таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзативу навнаҳзатиҳо ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки М. Садриддин ва думравонаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон суханони қабеҳ гӯянд.
Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо мебошад. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила чеҳраи манфури дасисабозонро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем ва бо ҳамин тарз қарзи худро дар назди Ватан адо намоем!
Р. АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ
