
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте арзи вуҷуд доранд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Дар инртибот ба ин, бояд қайд кард, ки фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ва равияњои ифротї, ки рўйхаташон ба садњо расидааст, созмон ёфта, даст ба амалҳои номатлуб заданашон ба назар мерасад. Аъзоёни ДИИШ барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дастовардҳои муосири илмӣ-техникии намояндагони худ, аз ҷумла воситаҳои алоқаи мобилӣ ва Интернет истифода мекунад. Дар ҳоле ки аксарияти онҳо ошкоро тавассути саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба “ҷиҳод” ташвиқ мекунанд, гурӯҳи дигар зери ниқоби “корҳои хайрия” ба таблиғот машғуланд. Барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ, онҳо гурӯҳҳои махсус таъсис додаанд, ки дар системаҳои худ бо фаъолияти виртуалӣ машғул шаванд ва бо ҷалби соҳибихтисосон. Таблиғи ғояҳои радикалӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад. Тибқи таҳлилҳо 84 фоизи ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шудаанд. Имруз аъзоёни ДИИШ асосан дар кишварҳои Шарқи Наздик, Африқо ва Осиё, аз қабили Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ҳатто дар низ Туркия ба таври пинҳонию ошкоро даст ба ҷиноятҳои мухталиф мезананд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем,тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Туркия эълон кард, ки пулиси ин кишвар рӯзи 30 декабри соли 2025 дар амалиёти сартосарӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” 357 гумонбарро боздошт кардааст. Ин амалиёт як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки дар ҷараёни як даргирии мусаллаҳона дар шимол-ғарби Туркия, се афсари пулис ва шаш фарди мусаллаҳ кушта шуданд. Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад.
Аз гуфтаҳои боло хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.
М.МАМАДҶ ОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
