
Хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, аз он шаҳодат медиҳанд, ки тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ (ифротгароӣ) харакатери нав касб карда, боз ҳам даҳшатовару бераҳм гардида, паёмадҳои хатарзоро ба раванди зинадгии мардум ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд оварда истодаанд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, алалхусус дар кишвари ҳамсоя-Афғонистон нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада, аз ҷумла дар замони суқути њаракти “Толибон” аз 15 августи соли 2021 то имруз миќдори муайяни созмону ташкилотҳои террористию ифротгароӣ дар Афғонистон тадриҷан зиёд шуда, содир намудани амали террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишвар як амали маъмулӣ гардидааст. Масалан 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Қобул таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Яке аз гурӯҳи тундрав бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», дар расонаҳои хабарӣ дар шакли “Давлати исломӣ”, ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “ Хуросон” зикр мегардад, ин амали террористиро ба уҳда гирифтааст. Хуллас, имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”, ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Усули рафтор ва кирдорҳои аъзоёни “Давлати исломӣ”, аз он шаҳодат медиҳад, ки ягон меъёр ва арзиши динӣ барои онҳо эътибор надорад. Умуман , созмону ҳизбҳои ба ном динӣ иртибот ба динӣ мубини Ислом надошта, балки назди онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии Қуръон арзиш ва эҳтиром надоранд ва кирдорҳои террористону экстремистон хилофи таълимоти дини мубини Ислом ва зидди конвенсияҳои ҳуқуқи башар мебошад.
Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд. Душманони дини мубини Ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.
Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи кишварҳои ҷаҳон, алалхусус минтақаи Осиёи Марказӣ омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Хулоса, дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини мубини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
М. МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ
