
Дар давоми соли сипаригардида ва аз оғози соли 2026 яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин бо думравонаш, аз имконияти шабакаҳои ичтимоӣ истифода бурда, бештар тавассути канали YouTube-“Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет), дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо мақсади пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати кормандони мақомоти мухталиф баромадҳо намуда, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезад. Масалан санаҳои 04, 07, 11, 14 ва 18 январи равон соли ҷорӣ М.Садриддин бо думравони фаъолаш, алалхусус Муҳаммад Тағоев ва Абдулло дар барномаи ифротии дар боло зикршуда чун солҳои қаблӣ, барои манфиатҳои шахсӣ тухми нифоқ кошта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Дар атрофи баромади навбатии М.Садриддин, амиқтараш 18 январи соли равон дар барномаи ифротии зикршуда ташкил намуд, андешаронӣ менамоем. Ин навбат М.Садриддин худро боз “уламои дин” шуморида, оид ба масоили “Сабр”баромад намуд ва бо назаре начандон фаҳмо онро шарҳу эзоҳ дода, қайд намуд:“Сабр дар ҳолати хатарнок қарор дорад.” Ин андешаи ифротӣ аст! Дар иртибот ба ин, таъкидан ёдовар менамоем, ки Қуръон мусулмононро ба сабр ва сабр бар тамоми сахтиҳои зиндагӣ дастур медиҳад. Мусалмон набояд аз бадбахтӣ шикоят кунад ва хитоб накунад (ас-сабр ал-ҷамил). Баробари ин, зимни баромад М.Садриддин бо думравонаш М.Тағоев, Абдулло, Рахматулло ва бо номҳои сохта, аз

қабили “Мубориз”, “Ватсап” чун баромадҳои қаблишон беасос, бедалел,туҳматангез ва иғвогарона чун боду ҳаво суханашонро тағйир дода, оид ба масоили мухталиф, аз ҷумла вобаста ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру ноҳияҳои кишвар андешаҳои носолими худро баён сохтанд. Умуман, дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир” омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки М.Садриддину думравонаш ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Ин гуруҳаки иғвогари ифротӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Хулоса, мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза дарк намудаем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бар зидди амалҳои номатлуби бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ
