
Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, борҳо зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба баромадҳои ифротии яке аз пайравони фаъоли наҳзат — Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан тавассути канали YouTube – «Ислоҳ.нет» («Ислоҳ.tv»), дар барномаи «Минбари муҳоҷир» дар давоми соли равон ҷилвасозӣ намуда, ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ машғул асту байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезад, андешаҳоямонро иброз намуда, онро шадидан маҳкум карда будем.
Ин навбат низ оид ба баромадҳои иғвоангезонаи М. Садриддин, ки дар давоми моҳи майи соли равон ҳафт маротиба, аз ҷумла санаҳои 3, 6, 10, 13, 17, 20 ва 24 майи соли ҷорӣ дар барномаи «Минбари муҳоҷир» боз бо ҷалби думравонаш, алалхусус афроде бо номи Абдулло, Муҳаммад Тағоев ва як қатор шахсони дигар бо номҳои сохтаи «7+70», «Ватсап» ва ғайраҳо дар барномаи ифротии зикршуда худнамоӣ намуданд, ибрози андеша менамоем.
Бояд қайд кард, ки М. Садриддин бо иғвои навбатиаш нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти қудратии кишвар ҳар чӣ ба даҳонаш ояд сафсатагӯӣ карда, боз туҳмату ғайбат намуд.
М. Садриддин ва думравони зикршуда зимни баромадҳояшон бо мисолҳои бемантиқу беасос ва шарҳу эзоҳи носолим доир ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла оид ба зиндониён, масъалаҳоро ба таври худ маънидод намуданд.
Аз баромади бемантиқи М. Садриддин ва думравонаш ҳар як фарди соҳибақл бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин тӯдаи ифротӣ мехоҳанд омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд оранд ва ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконашон ҳеҷ дарси ибрат намешавад.
Дар интиҳои изҳороти хеш аз ҳар фарди боору номуси кишвар даъват ба амал меорем, ки ҳама якҷоя нагузорем, то минбаъд М. Садриддин ва пайравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаву иғвогарӣ нисбат ба кишвари соҳибистиқлоламон садо баланд намоянд.
Хулоса, имрӯзҳо мардуми мушкилнописанди кишвар нисбат ба бадхоҳони миллату давлат ва масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиби хешро гузошта истодаанд ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоянд.
