ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ дар канали YouTube -”Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.) аз 28 .01.2026 сол

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни интишори изҳороту мақолаҳои хеш борҳо нисбат ба бадҳоҳони бегонапарасти ифротӣ, аз ҷумла вобаста ба фаъолияти яке аз думрави фаъоли наҳзат – Муҳаммадиқболи Садриддин андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ оид ба иғвоангезиву фитнаҷӯии М.Садриддин бадхоҳи бегонапарасти ифротӣ андешаҳоямонро баён менамоем. Бояд ёдовар шуд, ки бадхоҳони бегонапрасти ифротӣ, бо ибораи дигар наҳзату навнаҳзатӣ бо кӯмаки хоҷагонашон дар кишварҳои Аврупо лонаи истироҳат ёфта, тӯтивор  такрор ба такрор барои бадном кардани сиёсати одилонаи имрӯзаи Ҳукумати кишвар баромад менамоянд. Тӯдаи бегонапарасти ифротӣ, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд.
Масалан зимни баромади навбатӣ, амиқтараш 28 январи соли равон М.Садриддин ва думрави фаъолаш Муҳаммад Тағоев ва дигаре бо номи Абдулло бо мақсади ба миёни мардуми кишвар шӯру фитна

ангехтан наворҳои сохтаи бардурӯғӯро дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”нишон дода, бо ин васила мехоҳанд, вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд. Умуман, аз баромадҳои бемантиқу беасоси хоинон ҳар як фард бе ягон мушкилӣ дарк менамояд, киин тӯдаи бадхоҳон ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд.
Хулоса, аз баромадҳо ва кӯшиши навбатии М.Садриддин ва думравонашро ҳар бинандаву шунаванда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки ин тудаи бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафсатагӯе табдил гаштааст ва ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагӯӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад.
Дар интиҳои андешаи хеш мо ин навбат низ М.Садриддин ва думравонаш, умуман наҳзату навнаҳзатиҳоро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханњои фитнаангезашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *