
Пушида нест, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм ва экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ – радикалӣ меноманд. Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ – экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ» (ДИИШ), «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки бадхоҳону душманони миллат, бахусус ҳаммаслаку пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..,” ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, аз вазъияти печидаи ҷаҳонӣ истифода бурда, мехоҳанд нақшаи разилонаи навбатиашро амалӣ созанд. Дар иртибот ба ин мисол меорем, ки яке аз пайрави фаъоли наҳзат ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки солҳои қаблӣ ва аз оғози то имруз тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдонаш ва параваш, алалхусус Тағоев Муҳаммад, ки М.Садридднро “ако” мегуяд баромад намуда, иғвогарию тафриқаандозиро пеша намудааст. Барояш хостаҳои устодаш Кабирӣ ва хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Бидуни шак М.Садриддин, умуман ҳаммаслаку думравони паймони худсохтаи наҳзат фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Имруз бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Аммо, М.Садриддини тафриқаангези ифротӣ ва шогирдону думравонаш,умуман наҳзатиҳои иғвогар бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи нокаси гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Ҳадафҳои хиёнаткоронаи пайравони наҳзат, умуман хоинони миллат бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз
