Халқи тоҷик дар аввали навадуми асри гузашта ҳолати бетафовутиро аз сар гузаронид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ омада расонид. Дар ин ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар қатл ва коҳиши иқтисоду иҷтимоии миллат гардид. Мушкилиҳое, ки ба сари халқи тоҷик фаро омад, бо фаъолияти аъзоёни Ҳизби Наҳзати Ислом вобастагӣ дошт.
ҲНИ дар ҳамон давра барои давлати мо бадбахтиҳоеро овард, ки дар натиҷаи моҷарои низомӣ ба фавҷҳои гурезаҳо ва сар задани садамаи гуманитарӣ оварда расонид. Барномасозони ҲНИ барои таълиму тарбияи низоми динӣ дар минтақаҳо сармоягузории хуб карданд ва фишанги таъсиррасонии иҷтимоиро ба дасти наҳзат вогузоштанд. Ҳадафи асосии ин амалҳо тайёр намудани гурўҳи фармонбардор барои амалӣ гардонидани стратегияи худ бо мақсади нест намудани кишвари Тоҷикистон равона буд. Шахсиятҳои барўманд ва донишмандони кишварро ба қатл расонда, як миллати як давлатро ба қисмҳо ҷудо намуданд. Тарафдорони ҳизб бо амри роҳбари худ амал карда, ба хунрезии бародари худ даст заданд.
Дар давоми фаъолияти худ дар он давраи даҳшатнок ҲНИ миллату халқиятро бегона намуда, мехост дар пояи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар устувор истад. Ин амалҳои нангину шармовар ба қатли ҳазорҳо шаҳрвандони тоҷик, миллионҳо гурезаҳо, садҳо ҳазор кўдакони ятим ва зарари калони пулӣ ба иқтисодиёти давлати Тоҷикистон оварда расонд.
Бонавбат ба амал нагардидани стратегияҳои наҳзатӣ шаҳодат медиҳад, ки ҲНИ дар мавқеи сиёсии худ устувор нест ва мардуми тоҷик аз ҳадафҳои бади ҳизб бохавар шуда, аз дунболгирии он даст кашиданд. Баъди расидан ба сулҳу истиқлоли устувор давлати Тоҷикистон муносибатҳои худро бо дигар мамлакатҳои пешрафта ба сатҳи баланд мустаҳкам намуда, ҳаракат кард солҳои гузаштаи даштоварро фаромўш кунад.
Хулоса, ҳадафи асосии ҲНИ ин барпо намудани давлати исломӣ бовоситаи стратегияҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирифт. Аз ин рў вазъи баамаломада муносибати ҷиддӣ дошта, муттаҳидии аҳолии кишварро ба пойдории сулҳу субот талаб менамояд.
Самадова М.М. ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ,
таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ