ТЕРОРРИЗМ ВАЭКСТРЕМИЗМ ХАВФНОКТАРИН ТАҲДИД ДАР ҶОМЕАИ УМУМИБАШАРӢ!

Имрузҳо дар ҷаҳони муосир, мутаассифона ҷараёну зуҳуроте арзи вуҷуд доранд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.
Терроризм ва экстремизм имруз низ ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, созмон бо номи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, Ал-Қоида ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Дар робита ба ин ,аз таърихи пайдоиши созмони мазкур ёдовар мешавем.
Бояд қайд кард,ки дар ташаккули ба ном «Давлат исломӣ» гуруҳи «Ал-Қоида» ва саҳми бевоситаи террористи дараҷаи байналмилалӣ Абу Мусоба аз-Зарқавӣ хеле зиёд мебошад. Сараввал гурӯҳи «Шӯрои муҷоҳидин» (соли 2006) ташкил шуда, баъдтар ба он гурӯҳҳои «Ҷайш ат-Тайфа ал-Мансур», (Артиши ҷамоаи ғолиб), «Ҷайш аҳлу-с-Сунна ва-л-Ҷамоа» (Артиши аҳли суннат ва ҷамоат), «Ҷайш ал-Фотеҳин» (Артиши ғолибон) ва «Ҷунд ас-Саҳоба» (Артиши саҳобагон) ва ба ин монанд боз ба ҷамъи 11 гурӯҳҳои радикалии исломӣ ворид шуда, 15 октябри соли 2006 , “Давлати исломи”- ро таъсис доданд. Дар солҳои пас ба ин ташкилот гуруҳҳои хурди исломӣ, чун «Ансор-ат-тавҳид», «Ал-Ғураба», «Ҷиҳоди Исломӣ», «Ҷамоа ал-Мураббитин», «Ансор-ат-Тавҳид ва-с-Сунна», «Фурсон ат-Тавҳид», «Ҷунди миллати Иброҳим» низ шомил шуда буданд. Аввалин пешвои сиёсии ДИИШ Абу Умар ал-Бағдодӣ таъйин гардид. Баробари ин, бояд қайд кард, ки тибқи таҳлили коршиносон ва гуфтаҳои саркардагони ДИИШ мақсад дорад, то доманаи амалиёташро баъди Сурия ба Арабаситони Саудӣ кучонида ва аз он ҷо доираи фаъолияташро ба дигар давлатҳои ҷаҳон паҳн намояд.
.Новобаста аз он, ки ин давлати худхонда дар соли 2017 пурра дар Ироқу Сурия шикаст хурда бошад ҳам, мутаассифона аъзоёни он имрӯз дар аксарияти кишварҳои ҷангзада паноҳ бурда, амалҳои нангини худро давом дода истодаанд. Чунончи имрузҳо ДИИШ, Ал-Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ аз вазъияти кунунии Афғонистон истифорда бурда, афзои ин кишварро мураккабтар намудаанд ва солҳои охир дар ҳудуди кишвари ҳамсояамон бештар амалҳои террористӣ содир шудааст. Тибқи маълумоти Вазири мудофиаи Федератсиияи Русия дар як соли охир ДИИШ неруи ҷангҷӯёни худро 15 дарсад афзоиш додааст.Ҳадафи аслии ДИИШ ин паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ва анҷом додани фаъолияти таҳрибкорӣ аст, ки гуруҳҳои парокандаи ДИИШ на танҳо дар Афғонистон, инчунин дар кишварҳои Африко ва ҳам акнун дар Эрон аз худ дарак медиҳанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки 3 январи соли 2024 ду ҳамлагари маргталаб, ки дар маросими ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон амали террористӣ анҷом доданд. Дар натиҷаи таркиш ҳудуди 103 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмӣ гирифтанд. Бояд қайд кард, ки масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии ДИИШ ба уҳдаи худ гирифтааст. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан низ 26 октябри соли 2023 як маргталаби ДИИШ дар масҷиди “Шоҳи Чароғ”амали террористӣ анҷом дода буд. Умуман, ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Дар давоми як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Умуман, ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Дар атрофи ин масоили мубрами рӯз то имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *