Муҳтарам профессорон, устодон, донишҷӯён ва кормандони гиромӣ!
Мову шумо дар остонаи таҷлили Соли нави мелодӣ қарор дорем. Шумо ва дар симои Шумо аҳли хонавода ва кулли мардуми сарбаланди мамлакатро ба ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, саломативу тансиҳатӣ ва барори кору хонаободии шуморо таманно дорам. Соле, ки сипарӣ гардид, дар ҳақиқат барои ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада соли дастовардҳои назаррас буд. Албатта, натиҷаи заҳмати софдилонаи аҳли ҷомеаи меҳнатии таълимгоҳ буд, ки бо нишондиҳандаҳои баланд довталабон тавассути имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ донишҷӯи донишкада гардиданд. Боиси сарфарозист, ки фаъолияти пурсамари олимон, устодон ва донишҷӯёни ДИС ДДТТ бо натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд. Танҳо дар соли 2016 як нафар устоди донишкада ба гирифтани унвони доктори илм ва чанд нафари дигар ба гирифтани унвонҳои номзади илм сазовор гардиданд, ки аз самараи заҳмати доништалабии устодон шаҳодат медиҳанд.
Мо, аҳли маориф, устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, бо мураттаб намудани барномаҳои махсус фаъолияти хешро роҳандозӣ намуда, дар ҷодаи таълиму тадрис дар рушди илмҳои техникӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Имрӯз дар донишкада барои омӯзиши фанҳои дақиқ ва технологияҳои инноватсиониву муосир ҳамаи шароиту имкониятҳо мавҷуданд. Донишҷӯён бояд забонҳои хориҷиро мукаммал омӯзанд ва барои ин тамоми лавозимоту шароити забономӯзӣ дар донишкада муҳайё гаштааст.
Ҳамкорони азиз! Фарорасии соли нави милодиро бори дигар ба якояки шумо таҳният гуфта, бароятон хонаободию хотирҷамъӣ ва хушбахтиву сарбаландӣ таманно менамоям. Соли нав муборак бод!
Соли нав бодо муборак, ҳамзамонон, Соли нав,
Бахти нав, шодии нав, уммеди нав, иқболи нав!
Олимӣ Рауф Латифзода,
директори ДИС ДДТТ