Робитаҳои байналмилалии ДИС ДДТТ

Мақсади асосӣ аз робитаҳои байналмилалии донишкада ин рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва алоқаи зичи дуҷонибаи ДИС ДДТТ бо донишгоҳҳои мамолики дунё мебошад. Вазифаи асосии сохтор иборат аз таъминоти техникӣ ва иттилоотию методии муассисаҳои байналхалқии дунё, инчунин истифодаи таҷрибаҳои байналхалқӣ барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён ва тайёр кардани мутахассисони муосир мебошад.
Донишкада бо созмонҳои байналмилалии фонди «Евразия», «ЮСАИД», корпоратсияҳои «ПРАГМА», «КАРАНА», барномаҳои Эрасмус Мундус, ТЕМПУС – и Иттиҳоди АВРУПО  ва «Фулбрайт»-и ИМА фаъолона ҳамкорӣ дорад.