Озмуни “Беҳтарин хонандаи китобхон” ҷамъбаст гардид

Дар Китобхонаи марказии ДИС ДДТТ озмуни ”Беҳтарин хонандаи китобхон” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур ҳашт нафар донишҷў аз ҷиҳати фарогирӣ ва баёни мазмуну муҳтаво, суҷет, персонаҷҳои мухталифи асарҳои хондашуда байни ҳам сабқат намуданд.

Ҳайати ҳакамон, ба маҳорат ва малакаи донишҷўён баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян карданд. Дар натиҷа Файзуллоева Очабибӣ, донишҷўи соли якуми ихтисоси информатикаи иқтисодӣ сазовори мақоми аввал дониста шуда, Санҷар Шодиев, донишҷўи соли якуми ихтисоси фаъолияти гумрукӣ лоиқи мақоми баъдӣ гардид.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *