Дар ДИС ДДТТ ҷаласаи ҳисоботи таълимӣ, таълимӣ – методӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалии донишкада дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳи директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки дар ҷаласаи имрӯза 6 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҳисоботи масъулин оид ба дастоварду комёбиҳо ва мушкилоту муаммоҳои мавҷуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Абдуғафур Қаюмов баромад карда, зимни суханронӣ перомуни ҳадафҳои асосии донишкада, натиҷаи санҷишу имтиҳонҳо, корҳои таълимӣ-методӣ, ташкили ҷараёни таълим ва иҷрои сарбориҳои таълимӣ, мониторинг ва идоракунии сифати таълим, камбудиҳо дар раванди таълим ва ислоҳи саривақтии онҳо ибрози андеша намуд.
Муовини директор оид ба илм, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Далер Мирпочоев оид ба дар амал татбиқ намудани илм бо истеҳсолот, дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён, нашри китобҳои илмию методӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, нашри мақолаҳои илмӣ андешаронӣ карда, камбудиҳои ҳар як кафедраҳоро тавассути слайд нишон дода, барои ислоҳи саривақтии онҳо масъулинро вазифадор намуд.
Сипас ҳисоботи муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Инъомоҷон Аминов шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки мақсади асосии робитаҳои байналмилалӣ ин рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва алоқаи зичи дуҷонибаи донишкада бо донишгоҳҳои мамолики дунё мебошад. Дар доираи амалисозии чанде аз лоиҳаҳо дар донишкада барои беҳтар гаштани заминаи моддию техникӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар чорчӯбаи амалишавии Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ – лоиҳаи “Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси принсипҳои раванди Болонӣ” 5 синфхонаҳо таъмир карда шуданд, мебел барои 280 ҷои нишаст (мизу курсиҳо), 50 адад компютерҳо барои 2 синфхонаи компютерӣ, 6 адад ноутбук, 8 адад проектор, 6 адад принтерҳо харидорӣ карда шуданд. Мақсади асосии лоиҳа ба стандартҳои таҳсилоти олии Аврупо ҷавобгӯ кардани ихтисосҳои кори бонкӣ, тиҷорат дар бозори беруна, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, омор мебошад.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли 2020 аз ҳисоби Лоиҳаҳои Рушди таҳсилоти олӣ 2 синфхонаҳои компютерӣ, як Маркази таълимии сайёҳӣ ва сервис таъсис дода шуданд, таъмири ҷории 5 синфхонаҳо гузаронида шуд, мизу курсиҳо ва мебели 2 кафедра пурра нав карда шуданд.
Лоиҳаи “Таълимоти касбӣ ва омода намудани донишҷӯ-духтарон барои фаъолият дар соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ” ба анҷом расида, дар он 65 нафар донишҷӯдухтарон иштирок карда, ба онҳо 5 нафар тренерон аз моҳи ноябри соли 2020 таълимоти касбӣ доданд. Пас аз анҷоми таълимоти касбӣ духтарон тӯли як моҳ дар ҶДММ филиали “Суғдиён Помиртур”, ҶДММ “Хушбахти-1” ва меҳмонхонаи “Суғдиён” дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзиро гузаштанд. Дар ҷамъбасти лоиҳа ба ҳар яки онҳо сертификат дода шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҳисоботи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва рушди ҷавонон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Дилшода Ҷонназарова шунида шуд.
Директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан аз масъулин пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи саривақтии камбудиҳо дар раванди таълиму тарбия, рушди илм, густариш бахшидани робитаҳои байналмилалӣ, риояи интизоми меҳнат, ҷоннок намудани фаъолияти сохтору шуъбаҳо дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳама якҷоя бо фаъолияти пурсамар барои пешрафти донишкада саҳми арзандаи худро гузорем.