Ҷамъбасти конференсияи анъанавию илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи илми тоҷик ва ҳафтаи илм конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “РОҲҲОИ ТАҲКИМБАХШИИ ГУНОГУНСАМТИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИВУ РАҚАМӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ” ҷамъбаст гардид.

IMG_3227
IMG_3273
IMG_3289
IMG_3300
IMG_3309
IMG_3362
IMG_3368
IMG_3376
previous arrow
next arrow

Конференсияи апрелии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавонро директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки хушбахтона дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён сол то сол зиёд гардида, дар конференсияву чорабиниҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ устодони мо фаъолона иштирок менамоянд. Дар донишкада озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” дар сатҳи баланд гузаронида шуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд.

Баъди сухани ҷамъбастии директори донишкада муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Мирпочоев Далер Алиҷонович аз кори конференсия дар бахшҳо натиҷагирӣ карда, пешниҳодҳои муфидро баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани конференсияҳои илмӣ баён дошт. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокчиёни фаъоли конференсия, барои маърӯзаҳои пурмуҳтаво устодону донишҷӯён ва ғолибони озмунҳои  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки конференсияи илмию амалии “РОҲҲОИ ТАҲКИМБАХШИИ ГУНОГУНСАМТИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИВУ РАҚАМӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ” то санаи 1 майи соли 2021 дар бахшҳои алоҳида идома карда, дар кори он беш аз 400 мақола мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуд.

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *