Ҳадафи асосии Донишкада амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад. Бо ин мақсад дар Донишкада тайёр намудани мутахассисон дар асоси ҳаматарафа омўзонидани а) донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ; б) сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ; в)технологияҳои инноватсионии муосир; г) на кам аз 3–4 забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.