23 нафар  Стипендияи Раиси вилояти Суғдро сазовор гардиданд

3 декабри соли 2020 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими стипендияҳо ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.

-Таваҷҷӯҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад,-қайд намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони фаъолу бомаърифат ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад ва пайваста бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ, зиёд шудани ҳаҷми стипендияҳои донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба донишҷӯёни аълохон маҳсуб меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят  алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят рисолати аслии хешро баҳри мусоидат ба рушди маърифатнокии ҷомеа, тарбияи шахсиятҳои бузург, арбобони давлативу сиёсӣ, ходимони ҷамъиятӣ, олимону адибон нигаронида, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони дорои касбу кори гуногун таъмин менамоянд.

Дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмӯъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят имрӯз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, ки аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуда буданд, дар маҷмуъ 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендияҳо супорида шуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 23 нафар аспирантон, магистрантон ва донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд сазовори унвони гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки ДИС ДДТТ яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбиест, ки дар он ғояҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баландбардории сифати таҳсилот ба шоистагӣ татбиқи худро ёфтааст. Имрӯзҳо аз ҷониби раёсати донишкада ҷавононе, ки дорои қобилияти баланд буда, ташаббускору донишманд ҳастанд ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо донишҷӯёни донишкада ваъда доданд, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника, бунёдкорӣ ва созандагӣ равона месозанд.

Қобили зикр аст, ки шумораи гирандагони намудҳои гуногуни стипендия дар донишкада сол то сол зиёд мегардад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *