РОҲГУМКАРДАГОНИ ИФРОТӢ

Таърих гувоҳ аст, ки бадхоҳони миллат, аз қабили наҳзатиён ва думравони онҳо, оқибат роҳгум шуда, фирорӣ гардиданд ва дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони худ паноҳгоҳ ёфта, имрӯзҳо бо барангехтани кинаву адоват фаъолияти муғризонаи худро идома дода истодаанд. Симои аслии онҳо рӯз аз рӯз дар назди мардуми кишвар равшантар мегардад.

Ин тӯдаи роҳгумкардаи фирорӣ байни худ чӣ гуна созиш доранд ва чӣ тасмим мегиранд, вақт нишон хоҳад дод. Кори онҳо танҳо кофтукоби айби дигарон ва ба чашми мардум хок пошидан мебошад.

Яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин буда, созмони ба ном «Ҳаракати ислоҳотхоҳон»-ро таъсис додааст. Ӯ дар шабакаи YouTube тавассути канали «Ислоҳ.tv» (Ислоҳнет) ва барномаи «Минбари муҳоҷир» баромад мекунад. Зимни баромадҳои худ бо ҷалби думравонаш нисбат ба давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар туҳмату буҳтонҳои нав ба нав эҷод намуда, мекӯшад дар байни мардум ҳисси норозигиро афзоиш диҳад.

Бояд таъкид намуд, ки аз муҳтавои баромадҳо, сабтҳои видеоӣ ва андешаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин метавон ба чунин хулоса омад, ки барномаи «Минбари муҳоҷир» хусусияти ифротгароӣ дошта, воситаи мардумфиребӣ ва роҳи ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ мебошад. Наҳзатиён барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ аз чунин афрод истифода мебаранд.

Муҳаммадиқболи Садриддин то имрӯз аз фаъолияти худ хулосаи дуруст набаровардааст ва бояд дарк намояд, ки худнамоӣ ва иғвогарӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати ҷомеа нест. Ҳамчунин, набояд обрӯ ва нуфузи миллати соҳибтамаддуни тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад.

Хулоса, буҳтонҳои ғаразноки чунин афрод ба ҳеҷ ваҷҳ ҳисси ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва ваҳдати мардуми фарҳангсолори тоҷикро шикаста наметавонанд.

Дар фарҷоми андешаи худ таъкид менамоем, ки мо — насли калонсол — бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошанд, ба иғвоҳои роҳгумкардагони ифротӣ дода нашаванд ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ҳифзи Ватан аз дасисаҳои бадхоҳони миллат равона созанд.

Ба насли ҷавон бояд пайваста талқин намуд, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи Ватан, ободии он, хизмати содиқона ба падару модар, тарбияи шоистаи фарзандон ва тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.

Ҷ. ҶӮРАЕВ
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *